Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии канории СҲШ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок намуд

Март 16, 2022 09:33

ДУШАНБЕ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии директори Агентии назорати маводи нашъаовар Ҳабибулло Воҳидзода 15 март дар чорабинии канории Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таҳти унвони  «Пурзӯр намудани ҳамкории зиддимухаддиротӣ дар доираи СҲШ, мусоидат намудан ба  назорати фаромиллии маводи нашъовар» иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Чорабинии мазкур дар ҳошияи Иҷлосияи 65-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи нашъаовар, ки дар шаҳри Венаи Австрия ҷараён дорад, баргузор гардид.

Дар он ҳамчунин ҳайатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Покистон, Русия, инчунин Котиби генералии СҲШ Чжан Мин ва муовини Котиби генералии СММ, Директори иҷроияи  Раёсати  СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ғода Волӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорон дурнамои рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва тадбирҳо оид ба таҳкими ҳамкории амалии зидди маводи нашъаовар байни кишварҳои узви ин ду созмони бонуфузи байналмилалӣ, инчунин мубодилаи афкор ва таҷрибаи пешқадами ҷонибҳо дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандиро баррасӣ карданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи Иҷлосия директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари ҳайати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, муовини сардори Хадамоти назорати маводи нашъаовар Муҳаммад Алҳакабанӣ мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро дар самти назорати маводи нашъаовар бо роҳи ба имзо расонидани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро барои тақвияти ҳамкории судманд иброз доштанд.

 

АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Март 16, 2022 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид