Ҳайати Тоҷикистон дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир дар шаҳри Вена иштирок дорад

Март 15, 2022 08:27

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар Иҷлосияи 65-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия иштирок дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иҷлосия аз 14 то 18 март дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ баргузор гардида, дар он вазирон ва роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СММ дар шакли омехта (ҳузурӣ ва маҷозӣ) иштирок менамоянд.

Дар рӯзи аввали иҷлосия аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода вобаста ба вазъи маводи мухаддир дар ҷумҳурӣ дар соли 2021, пешравиҳо ва проблемаҳои кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ маърӯза намуд.

Ҳамзамон зимни маърӯза директори Агентӣ дар бораи хатари нигаронкунандаи паҳншавии маводи нашъадори навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ, усулҳои нави фурӯши ин мавод тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, афзоиши қоҷоқи маводи нашъаовар ба Тоҷикистон баъди ба сари ҳокимият омадани ҳаракати «Толибон»* ва дар ин робита таҳким бахшидани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон изҳори назар карда,  ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба ҳамкорӣ ва дастгирии мақомоти ваколатдори кишвар даъват намуд.

Ҳамчунин дар ҳошияи иҷлосия Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари ҳайати ИМА мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот якчанд масъалаҳои мубрам, аз ҷумла таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории Агентӣ бо Маъмурияти мубориза бо маводи нашъаовари Вазорати адлияи ИМА дар Осиёи Марказӣ, барқарор намудани Дафтари ДЕА дар Тоҷикистон ва маблағгузории кормандони Агентӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар иброз доштанд.

 

 

АКСҲО: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

 

 __________________

* Ҳаракати террористӣ, ки  дар Тоҷикистон ва дигар мамолики ҷаҳон  мамнуъ эълон карда шудааст

Март 15, 2022 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид