«ҲАР КӢ НАВРӮЗ ҶАШН КУНАД, БА ХУРРАМӢ ПАЙВАНДАД…». Аз таҷлили бозиҳои суннатии варзишӣ то боварҳои марбут ба ин ид
ДУШАНБЕ, 23.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро тоҷикони минтақаҳои Бадахшон, Хатлону Вахш, Раштон, Ҳисор, Зарафшон, Истаравшану Хуҷанд, Конибодому Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бо шукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондаанд, таҷлил менамоянд.
Вобаста ба ин тасмим гирифтем то якчанд вижагиҳои хоси иди Наврӯзро, ки дар китоби «Наврӯзи ҷаҳонӣ»-и муаллифон Қиёмиддин Сатторӣ ва Ҳасан Муҳаммадиев зикр ёфтаанд, пешниҳоди хонандагони АМИТ «Ховар» гардонем.
Ҷуфтбаророн
Ин маросим қадимтарин ойини наврӯзӣ ба шумор меравад, зеро Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни кишоварзон аст. Ба қавли пажӯҳишгари тоҷик Дилшод Раҳимов, то солҳои панҷоҳуми қарни гузашта дар ноҳияҳои минтақаи Суғд, Хатлон, водии Ҳисор ва баъзе вилоятҳои тоҷикнишини Ҷумҳурии Узбекистон деҳқонон то фарорасии ҷашни Наврӯз расми «Ҷуфтбаророн» барпо мекарданд. Рӯзи аввал деҳқонон дар хонае ҷамъ омада, дастҷамъона оши палав пухта, мехӯрданд ва аз Қуръони карим сураҳо тиловат намуда, дар ҳаққи Бобои деҳқон ва арвоҳи гузаштагон дуову фотиҳа мехонданд.
Сипас онҳо ба сари замин рафта, ба шохҳои барзаговҳо равғани зағир мемолиданд ва ба сару гардани говҳо орд мепошиданд, ки рамзи хайру баракат ва фаровонии ҳосилро ифода мекард. Рӯзи аввал каме ҷуфт мекарданд ва яке аз мӯйсафедони калонсолтарини деҳа ба тариқи рамзӣ ва муборакии кор чанд мушт гандум мепошид. Он рӯз ба хонаҳояшон бармегаштанду кори асосӣ аз рӯзи дуюм оғоз мешуд.
Шугун ва боварҳои марбут ба Наврӯз
Вобаста ба ҷашни Наврӯз дар байни мардуми кишоварз ва молдори тоҷик як силсила боварҳо, ақидаҳо ва фолу пешгӯйиҳо арзи ҳастӣ намудаанд, ки дар онҳо ҷаҳонбинӣ ва диди фалсафии тоҷикон роҷеъ ба ҳаводиси табиат, воқеаву рӯйдод, пастию баландиҳои рӯзгор баён шудаанд. Масалан, дар арафаи Наврӯз раъду барқ шавад, сокинони бисёр мавзеи кӯҳистони тоҷикнишини Варорӯд (Мовароуннаҳр) берун баромада, ба бом чумчаеро мепартофтанд. Сипас баромада медиданд, ки агар чумча ба рӯй афтода бошад, фоли нек мегирифтанд ва баръакс, даҳонаш боз бошад, гумон ва ҳадс мезаданд, ки соли пешомад камбориш шуда, ҳосили дилхоҳ ба даст намеояд ва мардум азият мекашанд. Ё худ дар рӯзҳои наврӯзӣ турнаҳо парвоз намуда гузаранд, мардум аз мушоҳидаи парвози турнаҳо дар мавриди соли пешомади деҳқонӣ фол мегирифт. Агар турнаҳо бенизому баланд парвоз кунанд, соли деҳқонӣ хушк ва тирамоҳаш бардавом хоҳад омад ва кишту кори деҳқонӣ бебарор хоҳад шуд. Агар турнаҳо паст парвоз намоянд, бар он бовар буданд, ки сол орому бобаракат ва серборону серҳосил хоҳад шуд. Ё худ агар мардум дар арафаи Соли нав–Наврӯз лаклакро аз пешаш бинанд, фоли нек мегирифтанд ва агар аз қафояш бинанд, ношод мешуданд, ки соли деҳқонӣ омад нахоҳад кард.
Дар рӯзи Соли нав дидани рӯйи зебо фоли нек аст. Мардум дар арафаи Наврӯз дарвозаҳои худро боз менамуданд ва кӯшиш мекарданд, ки меҳмони аввалин баъди даромадани сол мард бошад.
Мардум зарфҳои шикаста ва чизҳои сиёҳро дар манзилашон роҳ намедоданд. Тибқи боварҳои ниёгонамон, кас Соли навро чӣ тавр пешвоз гирад, тамоми сол ҳамон тавр хоҳад шуд. Аз ҳамин ҷост, ки дар рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайёми Нишопурӣ дар ин маврид гуфта шудааст: «Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ гузорад».
Бозиҳои суннатии варзишӣ
Як бахши муҳими ҷашни Наврӯзро бозиҳои суннатии варзишӣ ташкил медиҳанд. Дар айёми Наврӯз мусобиқаҳои паҳлавонӣ дар навъҳои гӯштингирӣ, аспдавонӣ, пойгаҳ (давидан), бандкашӣ, чавгонбозӣ (дар Яғноб, Бадахшон) баргузор мегарданд, аммо аз ҳама мусобиқаи маъмултарини наврӯзӣ гӯштингирӣ аст, ки хеле роиҷ ва маъмул мебошад. Дар ҳама деҳаю шаҳрак ва шаҳрҳои калони Тоҷикистон мусобиқаҳои наврӯзии гӯштингирӣ барпо мегарданд. Пеш аз ҳама, ду мӯйсафед ба таври рамзӣ ба майдон меоянд ва бо рақсу чархзании гирди майдон мусобиқаро оғоз ва ҷашни Наврӯзро некфол мегардонанд. Ба ғолибон туҳфаҳое, ба мисли куртаву ҷома, қолину палос, телевизору яхдон, мошини сабукрав, гӯсфанду буз, барзагову асп аз тарафи созмондиҳандагони ҷашни Наврӯз тақдим карда мешаванд.
Дар гузашта дар Қаротегину Дарвоз дар маъракаи гӯштингирӣ паҳлавони довталаб ба майдон омада, менишаст ва дар табақе назди ӯ хӯрок мегузоштанд, ки онро «табақи паҳлавонӣ» меномиданд. Ҳар нафаре, ки бо ин паҳлавон зӯрозмоӣ кардан мехост, меомаду дар паҳлуи ӯ нишаста, аз табақи паҳлавонӣ ҳамроҳи вай таом мехӯрд. Сипас ба ҳардуяшон дуо дода, ба майдон даъват мекарданд.
Дар Кӯлоб понздаҳ-бист рӯз пеш аз ҷашни Наврӯз, ба ибораи мардум «сайли соли нав», паҳлавонон аз деҳаҳои дурдаст ва навоҳии атроф омада, дар хонаҳои дӯстонашон истиқомат карда, ба машқ мепардохтанд. Дар ин айём ба зиёрати мазорҳои бузургворон рафта, дуову фотиҳа мехонданд ва аз пирони ботадбир ва рӯҳониёни соҳибмартаба низ дуо мегирифтанд.
Ба ғайр аз гӯштин, дар деҳаҳо мусобиқаю бозиҳои тухмҷанг, хурӯсҷанг, кабчанг, чиликандозӣ, дастхобонӣ ва монанди инҳо барпо мешаванд. Ҳар кас, ки ҷонвараш ё тухми мурғаш пирӯз шуд, моли мағлуби ҳарифро мегирад.
Бузкашӣ як навъи варзиши маъмулӣ буда, дар айёми Наврӯз бо тантана барпо мешавад. Ин мусобиқаи мардумӣ дар байни халқҳои Осиёи Марказӣ васеъ паҳн гаштааст. Дар баробари бузкашӣ бо асп навъи дигари мусобиқа: харкашӣ ё харбузкашӣ низ дар байни мардуми Қаротегину Дарвоз, Кӯлобу Тавилдара ва ғайра маъмул буд, ки бештар ҷавонон ба он майл доштанд. Онҳо ба ҷойи буз пӯсти он ва ё пӯсти ягон ҳайвони дигарро дар бозӣ истифода мебурданд. Ба ғолибони ин навъи варзиши суннатии наврӯзӣ туҳфаҳои хотиравӣ месупориданд.
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон мусобиқаи бандкашӣ низ гузаронида мешуд. Ҷавонмардони пурқувват бо ду даста тақсим шуда, талош мекарданд, ки пораи матои ду-се метраро ба даст оваранд.
Навъҳои дигари бозиҳои варзишии наврӯзӣ инҳо буданд: сараспа–тирандозон аз болои аспи давон ба ягон нишони дар ҳаракат буда (буз ё мурғро аз пояш баста сар медоданд) тир меандохтанд.
Найзаандозӣ дар водии Хуфи Бадахшон маъмул буд. Аз болои аспи давон тухми дар замин бударо бо нӯги найза зада мебардоштанд. Инчунин арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, бандпарӣ, ҷаҳидан аз болои арғамчин ва чанд бозии дигар дар айёми фарорасии Наврӯз иҷро мешуданд.
Хулосаи калом, сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳамасола ҷашни Наврӯзи оламафрӯзро бо вижагиҳои хос ва бошукӯҳ таҷлил менамоянд.
Таҳияи
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз манбаъҳои боз