Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок муваққатан қатъ гардид

Март 9, 2022 09:41

ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 8 март инҷониб дар роҳи Душанбе — Чанок, аз ҷумла дар километрҳои 48-71 тармафароӣ зиёд гардид. Дар километри 48-уми роҳи мазкур паҳноӣ ва баландии тарма қобили мулоҳиза буда, маҷрои дарёи Варзобро баст. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» дар  Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳоло дар ин роҳ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт манъ буда, кормандони  филиали ширкати IRS ба бартараф намудани тармаҳо машғуланд. Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳиш карда мешавад, ки муваққатан аз сафар дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок худдорӣ намоянд.

Доир ба ҳолати роҳ ва корҳои анҷомёфта маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.

 

АКС: IRS

Март 9, 2022 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд