АЗ «МАН ОРИЁИЯМ» ТО «ЗИЁИЁНИ ХУРОФОТЗАДА». Ёдкарди шоири эронитабори Амрико Масъуди Сипанд, ки чанд рӯз муқаддам аз олам даргузашт

Март 3, 2022 08:22

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре расонаҳо хабар доданд, чанд рӯз пеш яке аз дӯстони маҳбуби Тоҷикистон, шоир ва мутафаккири эронитабори муқими Амрико Масъуди Сипанд дар ҳаштодумин соли  зиндагиаш бори реҳлат барбаст.

Масъуди Сипанд муаллифи  шеъри машҳури «Ман ориёиям»  мебошад, ки бо чунин мисраҳо оғоз мепазирад:

Аз насли офтоб, аз шаҳди моҳтоб,
Аз авҷи қуллаҳои сарафроз.
Хуршед нурро дар чорсӯи синаи ман ҷор мезанад,
Ман ориёиям, ман ориёиям…

Шеъре, ки онро Марям Ҷалолӣ ( бо оҳанги шавҳараш Маҷид Хаставон ва виростории писараш Амир Хаставон) хеле марғуб сароидааст ва ин суруд ҳоло дар иҷрои Хуҷастаи Мирзовалӣ низ зебо садо медиҳад.

Тавре навиштаанд, «шеъри хамосаии эрониён, тоҷикон ва ҳамаи порсизабонони олам».

Масъуди Сипанд соли 1943 дар Берҷанди Эрон дида ба олам кушода,  дар  шаҳри Машҳади он кишвар ба камол расидааст. Пас аз истиқрори ҳукумати исломӣ адибону ҳунармандони зиёди Эрон  ба мисли Нодири Нодирпур, Бузург Алавӣ, Сиёвуши Касроӣ тарки меҳан намуда, кишварҳои Аврупову Амрико, аз ҷумла Масъуди Сипанд  Калифорнияи ИМА-ро  макони зист интихоб кардаанд.

Бо даъвати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоир ва мутафаккири номвар Масъуди Сипанд даҳ маротиба ба кишвари мо ташриф оварда, дар ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ  ширкат варзидааст. Ӯ Тоҷикистонро ватани дуюми хеш мегуфт.

Пазироии Масъуди Сипанд дар Тоҷикистон

Минҷумла, Масъуди Сипанд моҳи октябри соли 2019 дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз», ки бо ҳузури  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар кори Симпозиум  пажӯҳишгарони тоҷик ва зиёда аз 120 нафар донишмандон аз Узбекистон, Қирғизистон, Русия, Ҳиндустон, ИМА  Фаронса, Австрия, Олмон, Канада, Шветсия, Швейтсария, Голландия, Эрон, Дания, Испания, Англия, Австралия, Исроил ва Ироқ  ширкат карданд.

Пас аз анҷоми симпозиум Масъуди Сипанд дар суҳбати ихтисосӣ  бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ман ба Эмомалӣ Раҳмон абармарди таърихи Тоҷикистон ном гузоштам. Яъне, таърихи Тоҷикистон аз эшон ёд хоҳад кард. Агар эшон набуданд, мамлакат дар дасти муллоҳо мебуд. Ин мамлакат мисли Афғонистон шуда буд. Аз ин минбар ба мардуми Тоҷикистон мегӯям: «Эй мардум, ҳушёр бошед ва фиреби муллоро нахӯред!».

Масъуди Сипанд бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Хуршеди Ховар

Ба гуфтаи Масъуди Сипанд, «агар раиси як кишвар пешрафта набошад, он кишвар пешрафт намекунад. Чун Эмомалӣ Раҳмон алоқаманди пешрафти мардум ва Тоҷикистон аст, ин хеле муҳим аст. Эмомалӣ Раҳмон низ бо қудрати тамом ин мамлакатро ба пеш ва ба сӯи пешрафт мебарад. Умедворем, ки Тоҷикистон сол ба сол шукуфад ва пешрафт кунад. Дуруд ба Эмомалӣ Раҳмон!».

Тавре Масъуди Сипанд  зикр намуд, «Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар ин ҷо – Тоҷикистон, балки дар Амрикову Аврупо ва дар ҳама ҷо маҳбубият дорад ва дӯсташ медоранд. Дӯстони ман дар Амрико мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон аҷаб мардест, ки тавонистааст пеши роҳи нодонӣ, нооромӣ ва бесуботиро бигирад ва ба мардумаш сулҳ оварад. Ин қадар донишгоҳ дар Тоҷикистон таъсис шуда ва ин имкон медиҳад, то афкори мардум пеш равад. Вақте фикри мардум боз мешавад, мамлакат дар ҳоли пешрафт қарор мегирад».

Масъуди Сипанд ашъори Рӯдакиро хеле зиёд дӯст медошт. Чун ба гуфтаи вай, Рӯдакӣ нигаҳбони шеъри форсии тоҷикӣ аст. «Рӯдакӣ хеле шахсияти муҳим аст. Дуруст аст, ки ашъораш то мо хеле кам расидааст, аммо ҳамин ашъори Рӯдакӣ нишондиҳандаи қувваи бузурги шеър аст», — гуфта буд ӯ.

Ақидаҳои Масъуди Сипанд билхоса дар мавриди хурофот ва зиёни он ба ҷомеа ва инсонҳо, ки дар суҳбат бо хабарнигорони расонаҳои Тоҷикистон баён доштааст, бисёр арзишманд буда, имрӯз, дар ҳоли хавфи бурузи «ақоиди толибонӣ» аз он сӯи Омӯ ба кишвари мо беш аз ҳарвақти дигар аҳамияти муҳим касб кардаанд. Аз ин лиҳоз, дар зер чанд пораеро аз мусоҳиботи Масъуди Сипанд бо хабарнигорони тоҷик чун муште аз хирвор намуна меорем:

« — Бигӯед, ки чӣ <…>  дар Тоҷикистон бояд ба вуҷуд ояд, ки мардуми мо аз доми таассуб наҷот ёбанд?

— Бубинед, вақте як себ аз дарахт биафтид, инсон ба худ суол дод, ки чаро он ба осмон на, балки маҳз ба замин уфтод ва ҳамин тавр қувваи ҷозибаро кашф кард. Ба ин васила Аврупои хурофотзадаро раҳо кард. То ин дам Аврупо низ дар банди таассуб буд. Диндорон мардумро истисмор мекарданд. Ҳазорон нафар аз бемориҳо мефавтиданд, аммо ходимони калисо намегузоштанд, ки табобат шаванд, балки занони бечораро дар оташ месӯхтанд ва ба ин васила гӯё вабову балоро дур мекарданд.

Ин то замоне идома ёфт, ки Аврупо ба худ омад, дарк кард, ки бояд аз варта наҷот ёбад ва бубинед, имрӯз илм, фарҳанг, санъату ҳунар, тиб ва умуман ҳама дар дасти онҳост. Магар намешавад, ки дар давлатҳои исломӣ ва форсизабон кашфиёте кард? Намешавад, ки ин давлатҳо рушд кунанд? Барои ин нахуст бояд аз завлонаи дину хурофот озод шуд.

Ҷомеаи ҷаҳон дар фикри пешрафт аст, аммо мо ҳанӯз ҳам дар атрофи биҳишту дӯзахи ормонӣ мечархему баҳс мекунем. Чаро пайрави  Ҳаким Саноӣ набошем, ки мегӯяд: «Бахудо, ки худ худоӣ, агар ба худ оӣ». Аммо мо ҳанӯз ба худ наомадаем. Ҳанӯз ҳам як идда ба ном диндорон моро фиреб медиҳанд ва то ҳадде, ки дар ДИИШ барои манофеъашон меҷангем. Ман модели Амрикоро дӯст дорам, ки барои дин озодӣ медиҳад, аммо тарғиби ақоиди диниро намегузорад. Яъне, ҳар кас хоҳад, намоз хонад, рӯза дорад, аммо ҳақ надорад, ки аз гӯши касе кашола карда, ӯро маҷбур кунад, ки аз паси ман истову намоз гузор…».

***

«- Барои тағйир додани афкори ҷомеаи мазҳабӣ чӣ бояд кард?

— Ҳама риё, ҳама тазоҳур ва ҳама танаффур дар ҷомеаи мазҳабӣ сар мезанад <…>.   Ҳанӯз мардуме ҳастанд, ки эътиқодот боиси маргашон мешавад. Масалан, вақте ҳамсарашро дарди таваллуд меояд, ба назди табиб намебарад. Билохира ӯ мефавтад ва шавҳараш ҳам мегӯяд: «Худо чунин хост». Бубинед, ки то чӣ ҳад инсон метавонад кӯр бошад.  Барои тағйири чунин ҷомеа бояд фарҳехтагонаш <…>  нагузоранд, ки афкори мулло дар зеҳни мардум ҷой бигирад. Фикрҳои солим, фикрҳои мудерну пешрафта метавонад ҷомеаро пеш барад, на аблаҳона».

***

Масъуди Сипанд бо хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистон» Одили Нозир

—  Афкори ҷавонон (дар Тоҷикистон. – Тавз. АМИТ «Ховар») чӣ гуна аст? Оё ба сӯйи ормонҳои шоиста талош доранд?

—  Ҷавонҳо ҳам ҷузъи ҳамин ҷомеа ҳастанд. Ҷавонҳо барои пешрафт омодагӣ доранд, дарк мекунанд, ки ин роҳ (хурофотпарастӣ. – Тавз. АМИТ «Ховар») онҳоро ба ҳеҷ ҷое намебарад, аммо  <…> онҳо аз пеши худ наметавонанд тағйир ёбанд ё ба чизе ноил шаванд.

— Магар устодони донишгоҳ имкони кумакро надоранд? (Чанд муддат  Масъуди Сипанд  дар  донишгоҳҳои Тоҷикистон  ба алоқамандон аз рамзу розҳои Ҳофизи Шерозӣ суҳбат дошт. — Тавз. АМИТ «Ховар»).

— Намехоҳам касе аз ман биранҷад, аммо бештари устодони донишгоҳҳо <…>   хурофотзада ҳастанд. Онҳо худашон мутаассибанд, чӣ гуна метавонанд ҷавонҳоро тарбия кунанд? Дар Тоҷикистон барои пешрафт ҳама имконот ҳаст. Алъон Тоҷикистон аз назари феълу атвор хеле рушдкарда аст. <…> Чун  фарҳехтагони шумо талош карданд, ки ҷомеаи мутамаддин бисозанд, вагарна имрӯз Тоҷикистон Афғонистон мебуд. Имрӯз бояд ҷавони тоҷикистонӣ  иллату маълулро ёд бигирад. Бояд ҷавон бифаҳмад, ки аз ғайб дигар чизе намеояд ва замин ҳам дар шохи гов намеистад. Албатта, барои ин аллакай дар Тоҷикистон замина ҳаст ва Президенти кишвар барои наҷоти мардум аз хурофоту ақибмондагӣ корҳои наҷибе кардааст. Яке аз корҳои неке, ки Раисҷумҳури Тоҷикистон анҷом дод, Худо ҳифзаш кунад, ба масҷид рафтан ва зери пойи мулло нишастани ҷавонони то 18-соларо манъ кардааст. Ӯ ба ин васила ба ҷаҳони хурофотӣ эълон кард, ки барои кӯдак лозим нест, ки аз биҳишту дӯзах шунавад. Ӯ бояд аз илми муосир бархӯрдор бошад.

  Медонам, ки   бо мутаассибон мубориза кардан осон нест. Аммо вай (Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. – Тавз. АМИТ «Ховар») талош мекунад ва дар ин амали хайр бояд зиёиёни равшанфикру хайрхоҳ дар паҳлӯи ӯ бошанд. Чун ҳама бо ҳам бошанд, муваффақ хоҳанд шуд. Албатта, ман тарафдори нақзи ҳуқуқи инсонҳои диндор нестам. Дар дин чизҳои хуб, ба монанди дуздиву одамкушӣ накунем, интизом дошта бошем ва ҳамдигарро эҳтиром гузорем, зиёд аст. Ман ҷонибдори онам, ки дин як масъалаи сирф инфиродӣ бошад, на афкори умумӣ».

***

— Ман нуктаи назари шуморо нисбати Ҳофиз медонам. Дар ҷомеаи мо аз Хоҷаи Шероз ҳамчун яке аз пешвоёни дини ислом ёд мешавад. Аммо шумо ба шахсият ва осори Ҳофиз назари дигар доред ва ӯро фаротар аз як инсони пойбанди дин медонед. Вақте ин нуктаро ба донишҷӯён мегӯед, онҳо бо шумо чӣ гуна бархӯрд мекунанд?

— Донишҷӯён ду-се навъ ҳастанд. Баъзе, ки огоҳанд, мепазиранд ва бо ман розӣ ҳастанд. Донишҷӯёне ҳастанд, ки ҷуз сухани мулло китобе нахондаанд, бо ман бархӯрду баҳс мекунанд. Дар яке аз дарсҳо вақте гуфтам дар ин ҷо Ҳофиз майи ҳақиқиро дар назар дорад, духтаре аз ман суол кард:  «Магар Ҳофиз мусалмон набуд?». Пурсидам, ки чаро чунин суол медиҳад. «Агар мусалмон буд, чаро май менӯшид?» – боз суол кард ӯ.  Ба ақидаи ин донишҷӯ нафаре, ки май менӯшад, мусалмон нест».

***

 «- Умуман, як мулло ё як рӯҳонӣ чӣ нақше метавонад дар ҷомеа дошта бошад?

— Агар дар ҷомеа духтур, муаллим, қассоб, олим, инженер,  ҳар (каси) дигар набошад, ҷомеа гирифтори мушкилот мешавад. Мардум ниёзманд мешаванд. Аммо мулло набошад чӣ? Чизе тағйир намеёбад! Фардо агар тамоми муллоҳои Тоҷикистон мураххасӣ раванд, магар чизе тағйир меёбад? Не! Барои тавсифи биҳишт ва иҳонати дӯзах мо дигар ниёзе ба мулло надорем».

«- Шумо дар мавриди Тоҷикистон зиёд бо дилсӯзӣ ҳарф мезанед…».

— Охир ман Тоҷикистонро дӯст медорам. Ин ҷо ватани ман низ ҳаст. Президенти Тоҷикистонро дӯст медорам. Ман меоям, ки бо ғазалиёти Ҳофиз хирадгароиро тарғиб кунам. Дӯстони зиёд дорам, ки меҳрашон маро мекашад. Агар даъват кунанд, боз дар Наврӯз хоҳам омад…».

 

АКС: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Март 3, 2022 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд