Баҳодур Шерализода: Дар 5 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион бех дарахт шинонда шуд, то иқтидори маҳвкунии карбон афзоиш ёбад

Март 2, 2022 09:16

ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тайи 5 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 9 миллион дарахт шинонда шуда, ин раванд солҳои оянда низ идома хоҳад ёфт, то иқтидори маҳвкунии карбон дар Тоҷикистон афзоиш ёбад. Илова бар ин, майдони умумии ҳудудҳои ҳифзшавандаи Тоҷикистон аз 2,8 фоизи майдони умумии кишвар аз соли 1991 то соли 2021 22 фоиз зиёд карда шудааст. Дар амал майдони ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 2,7 миллион гектар зиёд гардида, дар Тоҷикистон барои таъмини истифодаи устувори экосистемаҳо ва захираҳои табиӣ минтақаҳои нави муҳофизатшаванда бунёд карда мешаванд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суханронӣ дар иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ки аз 28 феврал то 4 март дар пойтахти Кения — шаҳри Найробӣ мегузарад, зикр намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд.

Дар иҷлосия инчунин ба ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад, ки тавассути он имкон фароҳам оварда мешавад, то неру ва захираҳо барои тадбирҳои амалӣ баҳри ҳифзи пиряхҳо – муҳимтарин манбаи оби тоза дар Осиёи Марказӣ сафарбар карда шаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар Тоҷикистон ҳудуди шаст дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул ёфта, он макони асосии пиряхҳои минтақа аст. Ҳамзамон қисми асосии захираҳои об дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, дар таъмини обу ҳаво ва рушди устувори тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад.


Сарфи назар аз саҳми ҳадди ақал дар партовҳои газҳои гулхонаӣ Тоҷикистон дар таҳрири навшудаи Саҳми Миллии Муайяншуда дар соли 2021 уҳдадориҳои афзояндаи коҳиши партовҳои газҳои гулхонаиро бар дӯш гирифт.

Мавриди зикр аст, ки иҷлосияи панҷуми Ассамблеяи муҳити зисти СММ ва ҷаласаи ғайринавбатии Ассамблея бахшида ба 50-солагии таъсиси он дар қароргоҳи Барномаи муҳити зисти СММ дар Найробӣ зери унвони «Тақвияти фаъолияти экологӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор» бо иштироки вазирони ҳифзи муҳити зисти кишварҳои ҷаҳон ва сарони бархе аз давлатҳо ҷараён дорад.

Дар иҷлосияи панҷум ташаббусҳои муҳим барои ҳалли буҳрони сайёра- тағйирёбии иқлим, талафоти гуногунии биологӣ, ифлосшавӣ тавассути партовҳои пластикӣ, барқарорсозии муҳити зист, иқтисодиёти даврӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ баррасӣ гардиданд.

 

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Март 2, 2022 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»