Ба Қонун «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру илова ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар иҷлосия Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон ба тасвиб расида, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонун «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти қонуни амалкунанда ба дигар қонунгузорӣ ва ба ҷойивазкунӣ (ротатсия) фаро гирифтани дигар кормандони мақомоти адлия таҳия гардидааст. Тибқи лоиҳа ба моддаҳои 9 ва 30-и қонуни мазкур тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.
Баромадкунандагон ҳамчунин изҳор намуданд, ки мувофиқи моддаи 30 Қонун «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Меъёри мазкур дар мухолифат ва такроршавӣ ба моддаи 261 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор дорад.
Аз ин лиҳоз, барои бартараф намудани чунин мухолифат қисми 3, моддаи 30-и Қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда мешавад, ки дар асоси он ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин ба моддаи 30, қисми 4 илова карда мешавад, ки мутобиқи он тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) дигар кормандони мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.
Дар иҷлосия Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагонро ба вакилони мардумӣ муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода ва вакили мардумӣ Мавлудахон Мирзозода муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки Созишномаи мазкур имкони ҳамкориро дар самти интиқоли шахси ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ё ба дигар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда дар ҳудуди тарафи ҳукмкарда бо мақсади адои муҳлати боқимондаи ҷазои онҳо дар тарафи ҳукмиҷрокунанда мутобиқи муқаррароти Созишномаи мазкур ва шартҳои дар қонунгузории миллии онҳо пешбинишуда мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор медиҳад.
Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи супоридани маҳкумшудагон барои ҳимояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон зарур мебошад.
Созишномаи мазкур ба талаботи моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мухолифат надорад.
АКС: МН МО ҶТ








Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






