ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. 18 варзишгари тоҷик муҳорибаро дар миёни ҷавонон ва наврасон идома медиҳад
ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни наврасону ҷавонон, ки 2 март дар шаҳри Аммони Урдун оғоз гардид, идома дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ду рӯзи аввал муҳорибаҳои муқаддамотӣ баргузор шуда, миёни наврасон Анушервон Фозилов, Ҷаъфар Ҳакимов, Руслан Ғафуров, Рустамҷон Ашуров ва миёни ҷавонон Меъроҷ Зоидов, Асламҷон Қурбонов, Бузургмеҳр Иксанов, Абдураҳим Ёқубов бар ҳарифонашон ғалаба карданд ва ба чорякфинал роҳ ёфтанд.
Ҳамчунин, дар асоси қуръакашӣ миёни наврасон Усмоншайх Усмонов, Аъзам Фозилов, Фирӯз Раҷабов, миёни ҷавонон бошад, Саддам Давлатов, Нурланбек Эрматов ва Парвиз Ахмедов мусобиқаро аз даври чорякфинал оғоз мекунанд.
Се нафари дигар – Акмалҷон Абдувалиев, Юсуф Фозилов ва Ҳангома Исоева дар асоси қуръакашӣ муҳорибаро аз даври нимфинал шуруъ хоҳанд кард.
Дар чемпионат варзишгарон аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд:
Ҷавонон:
48кг – Меъроҷ ЗОИДОВ
51кг – Асламҷон ҚУРБОНОВ
54кг – Бузургмеҳр ИКСАНОВ
57кг – Абубакр МУРОДОВ
60кг – Абдураҳим ЁҚУБОВ
63,5кг – Саддам ДАВЛАТОВ
67кг – Анӯшервон АҚНАЗАРОВ
71кг – Юсуф ФОЗИЛОВ
75кг – Нурланбек ЕРМАТОВ
86кг – Акмалҷон АБДУВАЛИЕВ
92кг – Парвиз АХМЕДОВ
Наврасон
46кг – Анушервон ФОЗИЛОВ
48кг – Меъроҷ СУФИҶОНОВ
50кг – Ҷаъфар ҲАКИМОВ
52кг – Дамир МУИБАЛИХОНОВ
54кг – Руслан ҒАФУРОВ
60кг – Рустамҷон АШУРОВ
66кг – Усмоншайх УСМОНОВ
75кг – Аъзам ФОЗИЛОВ
+80кг – Фирӯз РАҶАБОВ
57кг – Ҳангома ИСОЕВА
Миёни наврасон Меъроҷ Суфиҷонов, Дамир Муйбалихонов, миёни ҷавонон Абубакр Муродов, Анушервон Ақназаров аз ҳарифонашон шикаст хурда, аз идомаи мусобиқа маҳрум гардиданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






