ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ВЕЛОСИПЕДРОНӢ. Ғолибони рӯзи чорум муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 март дар доираи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки 25 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, мо шоҳиди се сабқат миёни ҷавонон гардидем, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар ин рӯз бонувони ҷавон дар масофаи 61км, бонувони то 23-сола дар масофаи 111км ва ҷавонписарон дар масофаи 130км сабқат карданд.
Миёни бонувони ҷавон ва ҷавонписарон варзишгарони Узбекистон София Каримова ва Самандар Султонов ғалаба карданд. Миёни ҷавонони то 23-сола намояндаи Қазоқистон Глеб Бруссенский пирӯз шуд.
Дар рӯзи чорум миёни бонувон ду варзишгари тоҷик Гулшан Қурбонова, Гулширин Ҷумақулиева, миёни ҷавонписарон Наҷибулло Рустамов, Ҷамолиддини Ҷумахон, Фирдавсҷон Қодиров, Абдусамад Одилов ва миёни ҷавонписарони то 23-сола Манучеҳр Юнусов, Манучеҳр Абдуллоев, Хуршед Маҳмадалиев, Муҳаммадҷон Азизов иштирок карданд. Натиҷаи беҳтарро Наҷибулло нишон дод. Ӯ масофаи 111 километрро бо натиҷаи 3:21:06 тай намуда, миёни 32 нафари иштирокчӣ ҷои 10-умро ишғол кард. Манучеҳр бо натиҷаи 3:21:06 миёни 32 нафар 16-ум шуда, ба марра расид.
Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ
Натиҷаҳои рӯзи чорум
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавондухтарон, 61км
1. София Каримова (Узбекистон), 1:36:45
2. Алина Спирина (Қазоқистон), 1:36:45
3. Даря Казакбай (Қазоқистон), 1:40:39
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавонписарон, 111км
1. Самандар Султонов (Узбекистон), 2:47:13
2. Максим Тараскин (Қазоқистон), 2:47:13
3. Иля Карабутов (Қазоқистон), 2:56:50
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, ҷавонписарони то 23-сола, 130км
1. Глеб Бруссенский (Қазоқистон), 3:10:42
2. Даниил Пренский (Қазоқистон), 3:10:42
3. Николас Винокуров (Қазоқистон), 3:10:42
Мусобиқаҳои оянда:
29 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, занҳо, U-23 (111км)
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо (175км)
30 март
Мусобиқаи инфиродии умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ (111км)
АКСҲО: КМО Тоҷикистон









Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






