Дар ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кушониён маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯшониён бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдулозода, Вазири маориф ва илм Раҳимҷон Саидзода ва дигар меҳмонон дар деҳаи Бофандаи Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи мазкур Маҷмааи «СИМО» иборат аз маркази саломатӣ, маркази савдо, толори варзишӣ, толори баргузории ҷашну маросимҳо ва дорухона ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ мамлакат.
Гуфта шуд, ки маҷмааи мазкур аз тарафи сокини ҳамин деҳа Фарҳод Челиев бо харҷи беш 600 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, ки туҳфаи арзанда дар ҷашни Наврӯз ба сокинони деҳа мебошад.
Маркази саломатии «Само» бо мутахассисони баландӣ тиббӣ таъмин гардида, бо тамоми таҷҳизоти тиббии замонавӣ муҷҷаҳаз гардидааст, ки метавонад ба сокинони деҳа дар сатҳи баланд хизмат расонад.
Роҳбарияти ноҳия ва меҳмонон тамоми сокинони ин деҳотро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, ба Фарҳод Челиев барои бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ дар деҳа миннатдории самимии худро баён намуданд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






