Дар Қаратоғ, Ромит ва Варзоб хатсайри сайёҳии тамошои бузи кӯҳӣ, кабк ва мурғи даштӣ ба роҳ монда шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ ва мақомоти маҳаллӣ барои рушди соҳаи сайёҳии мамлакат дар мавзеъҳои Қаратоғ, Ромит ва Варзоб хатсайри сайёҳии тамошои бузи кӯҳӣ, кабк ва мурғи даштӣ роҳандозӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ниҳоди мазкур.
Вобаста ба ин гурӯҳҳои кории Кумита ба дараҳои Қаратоғ, Ромит ва Варзоб сафар намуда, аз ҳолати ташкили саёҳат ва хизматрасонии минтақаҳои мазкур дидан намуданд. Маълумотномаҳои хатсайрҳо дар шакли буклет омода гардида, ба дӯстдорони саёҳат пешниҳод карда мешаванд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ оид ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва зиёд намудани саршумор ва оқилона ба роҳ мондани шикори ҳайвоноту парандагони нодири ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомилшуда ва ба ин васила баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии кишвар аз тамоми имконияти мавҷуда васеъ истифода менамояд.
Соҳаи сайёҳии шикор дар ҷумҳурӣ дар ҳоли рушд буда, баҳри боз ҳам ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба ин намуди сайёҳӣ аз ҷониби Кумита дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ хатсайрҳои нави кӯтоҳмуддату дарозмуддат таҳия карда мешаванд. Дар айни ҳол ширкатҳои сайёҳӣ бо истифода аз ин хатсайрҳо сайёҳони зиёдеро ба минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвоз, Мурғоб, Шамсиддини Шоҳин, Ховалинг, Балҷувон, минтақаи Рашт ва мавзеъҳои кӯҳҳои Фон сафарбар намуда, хизмат мерасонанд.


Ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 18 ширкати сайёҳӣ ба намуди сайёҳии шикор машғул буда, тибқи тартиби муайяншудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Кумита баҳри рушди сайёҳии шикор, нигоҳубин ва парвариши ҳайвоноти нодир ва инчунин афзоиши саршумори ин гуна ҳайвонот дар кишвар бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои масъул ҳамкорӣ менамояд.
Инчунин тарғибу ташвиқи сайёҳии шикор ва мавзеъҳои экологии кишвар дар сомонаи расмии Кумита ҷойгир шуда, роликҳои сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетии «YouTube»ва «Facebook»таблиғ мегарданд.
Ҳамзамон Кумита ҷиҳати муаррифии имконияти сайёҳии кишвар, аз ҷумла сайёҳии шикор ҳамасола дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок менамояд. Доираи намоишгоҳҳо гӯшаи сайёҳии ҷумҳурӣ муаррифӣ карда шуда, маводи таблиғотӣ оид ба кӯҳҳои осмонбӯси ҷумҳурӣ, шикоргоҳҳо, мавзеъҳои тамошои парандагони нодир, инчунин армуғонҳо аз шохҳои бузҳои кӯҳии гуногун ва роликҳои сайёҳӣ ба маърази тамошои меҳмонон гузошта мешаванд.
АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ








Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






