Дар Боку мулоқоти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд

Март 3, 2022 16:53

ДУШАНБЕ, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 3 март Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор доранд, бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон хонум Сахиба Гафарова дар ҳузури ҳайатҳои васеи ду ҷониб мулоқот доир намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ, дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, инчунин ҷанбаҳои муҳимми муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ баррасӣ гардид.

Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми нахустин сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҳамтояшон изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстии анъанавӣ ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи байнидавлатӣ бо Озарбойҷон, ки дар натиҷаи муколамаи доимии сиёсӣ дар сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, аҳамияти хоса медиҳад.


Раиси Маҷлиси миллӣ бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон фаъол гардида, таъсиси Гурӯҳҳои дӯстӣ ба ин раванд мусоидат намуд. Инчунин, Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар ҳошияи сафари расмӣ ба имзо расонида мешавад, заминаҳои иловагиро барои тақвияти минбаъда ва такмили муҳтавои муносибатҳои байнипарламентӣ фароҳам хоҳад овард.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба тақвияти тамосҳо бо намояндагони парламенти Озарбойҷон дар доираи Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Парламентии Осиёӣ, Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳи хосса медиҳад.


Дар идомаи музокироти байнипарламентӣ вобаста ба масоили ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Озарбойҷон мубодилаи афкор сурат гирифта, сатҳи онҳо, бахусус дар доираи СММ мусбат арзёбӣ карда шуд.

Дар робита ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибҳо вусъати ҳамкорӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар заминаи назарраси ҳуқуқӣ, ки 59 ҳуҷҷатро дар бар гирифтааст, зарур шумориданд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, пешниҳод гардид, ки дар ҳошияи таҷлили сисолагии муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ доир карда шавад.

Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ намуда, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратиро зарур шумориданд. Аз ҷумла, бахшҳои сохтмону нақлиёт, телекоммуникатсия, энергетика, саноат, ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Озарбойҷон ба татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда арзёбӣ гардид.


Инчунин, ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карда, атрофи қазияи Афғонистон ибрози назар намуданд.

Дар охири мулоқот Рустами Эмомалӣ аз Сахиба Гафарова даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Пас аз мулоқоти ҳайатҳо маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

 

АКС: АМИТ «Ховар»/Тоҳир САИД

 

 

 

 

Март 3, 2022 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Муғулистон мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия густариш меёбанд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Чин ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузорро меомӯзанд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад