Дар Дарвоз 15 манзили истиқоматӣ, ки зери хатари офати табиӣ қарор доранд, кӯчонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 март боронҳои шадид ва гарм шудани ҳаво сабаби боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо шуд. Дар натиҷа хоку гили фаромада боиси баста шудани километри 352-юми роҳи мошингарди «Шамсиддини Шоҳин – Дарвоз», ки аз қаламрави деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз мегузарад, гардид. Баъдан пайомадҳои ин офати табиӣ бартараф карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ.
Ёдовар мешавем, ки 12 — 18 март дар ҳамин минтақа сел гилу лойи зиёдро фурӯ рехта, дар натиҷа чанд хонаводаи деҳаи Умараки ноҳияи Дарвози ВМКБ хисороти зиёд диданд.
Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ВМКБ, дар натиҷаи офати табиӣ ду бинои истиқоматӣ пурра ва се хонаи зисти дигар қисман хароб шудаанд. Инчунин заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шаш хоҷагӣ зарар дидаанд.
25 марти соли 2022 бо мақсади муайян намудани хатари омадани сел барои гузаронидани тадқиқоти муҳандисию геологӣ гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи кормандони КҲФ ва МГ ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи ҳодиса рафт.
Ду квадрокоптери Кумита барои кофтуков, тадқиқи релефи кӯҳӣ ва минтақаи пайдоиши сел истифода шуда, санҷиш нишон дод, ки 15 хоҷагӣ зери хатари сел қарор доранд.
Айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия барои дар ояндаи наздик ба минтақаҳои дигари амн кӯчонидани ин хонаводаҳо тадбирҳо меандешад. Ба оилаҳои осебдида аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ ва соҳибкорони вилоят кумакҳои зарурӣ расонида шуданд.
Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, то охири моҳи марти соли ҷорӣ эҳтимоли лағзиши тарма, омадани селу ҳодисаҳои дигаре, назири ярч ва болоравии сатҳи оби дарёю обанборҳо боқӣ мемонад.
Дар иртибот ба ин Кумита ба диққати аҳолӣ мерасонад, ки эҳтиёткор бошанд.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






