Дар Душанбе маросими кушодашавии Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар майдони 800 солагии Москваи пойтахт, маросими кушодашавии чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Дар маросими кушодашавӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Панҷшанбезода Муҳиддин, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, намояндагон аз кишварҳои гуногун, иштирокчиёни Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ ва намояндагони васоити оммаи дохилу хориҷ ширкат доштанд.
Дар оғоз меҳмонон ва иштирокдорони ин чемпионати бонуфузи байналмилалӣ дар Боғи Куруши Кабир аз Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ бо иштироки беш аз се ҳазор нафар варзишгарону дӯстдорони навъи бозиҳои миллии варзишӣ дидан намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед баромад намуда, ҳамаи меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро, ки аз 30 кишвари олам ташриф овардаанд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам гуфта, ба онҳо барору комёбӣ таманно намуд.
Раиси Федератсияи велосипедронии Осиё ҷаноби Осама ал Шафар зимни баромади хеш қайд намуд, ки «истиқболи гарму самимии мардуми бофарҳангу самимии тоҷик моро хеле хушҳол намуд ва Тоҷикистон барои гузаронидани чунин чорабинии сатҳи байналмиллалӣ хеле мусоиду муносиб аст. Мехостам пеш аз ҳама ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори миннатдории бепоёни худро расонам.
Баъд аз суханронӣ дастаҳои мунтахаби иштирокчии чемпионат маросими гузаштро анҷом доданд, ки ҳар яки онҳоро сокинони бофарҳангу меҳмоннавози Душанбе бо як самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Дар фарҷом барои болидахотирии меҳмонони олиқадр барномаи консертӣ доир карда шуд.
Хотиррасон менамоем, ки Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ аз 25 то 30 марти соли ҷорӣ дар шоҳроҳҳои кишвар баргузор хоҳад гашт.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»

































Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






