Дар Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳрӣ миёни ҷавонон ва калонсолон оид ба санъати муҳорибаҳои ғайрикасбӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси роҳбарияти TAJMMAF дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ миёни ҷавонон ва калонсолон оид ба санъати муҳорибаҳои ғайрикасбӣ баргузор гардид. Аксари пирӯзиҳоро варзишгарони шаҳри Душанбе ба даст оварданд. Дар ин бора сардори шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаби дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Мусобиқаи мазкур дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар сатҳи хеле баланд сурат гирифт. Ин толори варзишӣ ба хотири гузаронидани мусобиқаи кушоди шаҳрӣ хуб омода гардид ва бо лавозимоте, ки барои анҷоми рақобатҳои ин риштаи варзиш лозим меояд, муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуда, давоми се рӯз барои сазовор шудан ба зинаҳои ифтихорӣ миёни ҳам сабқат намуданд.
Бори аввал маросими қуръакашии чунин мусобиқаҳои дохилӣ дар ин риштаи варзиш тариқи онлайн сурат гирифт, ки ин системаи замонавӣ дар интихоби ҳарифон шаффофиятро таъмин месозад. Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии ҶТ тайи солҳои охир ба рушди ин риштаи варзиш аҳамияти ҷиддӣ дода, чорабиниҳои дохили кишварро дар сатҳи хеле баланд доир менамояд. Баргузории мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе шаҳодати ин гуфтаҳост. Аз тартибу низоми дуруст то сатҳи доварӣ ва интизоми намунавии варзишгарон дар рафти баргузории мусобиқа масъулияти баланди ташкилкунандагонро нишон медиҳад.Дар баробари ин нафарони махсус барои омода намудани роликҳои тарғиботӣ ба таври фаврӣ дар макони баргузории мусобиқа ҷидду ҷаҳд дошта, кори онҳо дар ин ҷода назаррас буд.
Роҳбарияти Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии ҶТ дар тӯли се соли фаъолият ба пешравиҳои хуб ноил гардид. Дар баробари дастовардҳои варзишгарон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ масъулин кӯшиш мекунанд, ки насли наврасу ҷавонро ба тарзи ҳайёти солим ҷалб созанд ва ҳамзамон онҳоро аз ҳар гуна корҳои ношоям берун биёранд. Федератсияи мазкур барои варзишгарон аз лиҳози таъмини сару либоси варзишӣ фаъолияти хуб дошта, дар кӯмаки молиявии онҳо низ корҳои назаррасро анҷом медиҳад. Феълан TAJMMAF бо яке аз ширкатҳои машҳури истеҳсоли либосҳои варзишӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Ба иттилои дастандаркорон, бори аввал аст, ки дар мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе варзишгарон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ҳайати 34 даста ва беш аз 200 нафар варзишгар иштирок карданд. Шумораи мухлисон низ дар толор хеле зиёд буд. Аз хурд то бузург ба тамошои он ҷамъ омаданд. Баъд аз рақобатҳои марҳилаи муқаддамотӣ ғолибони 7 вазн миёни ҷавонон ва 8 вазн миёни калонсолон ба даври ниҳоии мусобиқа роҳхат пайдо намуданд.
Рақобатҳои финалӣ пуршиддат сурат гирифта, аксари пирӯзиҳоро варзишгарони шаҳри Душанбе ба даст оварданд. Ба ҳамаи ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби Федератсияи санъати муҳорибаҳои ғайрикасбӣ медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин ба нафароне, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Абу Даби соҳиби медал шуданд, ҷоизаҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 10 то 50 ҳазор сомонӣ супорида шуд.
Хотиррасон мекунем, ки дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ варзишгарони тоҷик ба гирифтани 1 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ даст ёфта буданд. Дар анҷоми мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз рӯи номинатсияҳои гуногун интихоб шуда, ба ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гаштанд.
Ҳамин таваҷҷуҳ ва корҳои назаррас аст, ки Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии ҶТ дар баробари дигар федератсияҳои миллии кишвар, аз ҷумла Федератсияи футбол, дзюдо, теннис, гӯштини миллӣ ва самбо беҳтарин ниҳоди варзишии соли 2021 эътироф гардид.
АКС аз Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии ҶТ (TAJMMAF)








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






