Дар Хатлон масъалаи таъмини омӯзгорону табибони ҷавон бо кори доимӣ баррасӣ гардид

Март 30, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 30.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таъмин намудани мутахассисони ҷавони омӯзгору табиб бо кори доимӣ, сари вақт пардохт намудани музди маош, сохтани биноҳои баландошёнаи на кам аз панҷқабата дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дуруст ба роҳ мондани корхонаҳои дӯзандагӣ, таъмир намудани роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ғайра  аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 29 март зимни баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум иҷрои онҳоро ба масъулин супориш дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Зикр шуд, ки  дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 24 феврал зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон ироа шуда буданд, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидаанд.

Раиси вилояти Хатлон аз вазъи иқтисодӣ ва  авзои сиёсии ҷаҳон ёдовар шуда, дастур дод, ки оид ба захираи ғаладонагиҳо, вусъат бахшидани кишти такрорӣ дар заминҳои президентӣ, назди ташкилоту муассисаҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ, байни қаторҳои боғҳо, кишти пахта ва аз як замин гирифтани се-чор ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳо ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо зироату сабзавоти барвақтӣ, назорати баландшавии нархи маҳсулот дар бозор, инчунин наслгирии чорвои шохдори калон, пешгирӣ намудани хавфи офатҳои табиӣ, пешгирии паҳншавии малах ва истифодаи дурусти насосҳои обкаш тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021 — 2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар вилоят 368 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 8 миллиард сомонӣ марҳила ба марҳила бояд амалӣ гарданд. Айни замон 62 лоиҳа бо азхудкунии 15,6 фоизи маблағҳо ҷараён доранд.

Дар иҷлосия раисони  шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба корҳои анҷомёфта дар самти ободонӣ ва бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, боз ҳам беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ дохил кардани заминҳои бекорхобида, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таъмини ҳарчӣ бештари бекорон бо ҷойи кор ибрози андеша намуданд.

Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Абдуалим Исмоилзода доир ба корҳои дар якчанд ноҳияҳои вилоят анҷомёфта ҳисобот дод. Ӯ гуфт, ки дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҳалталаб ҷой доранд ва зарур аст, ки барои ислоҳи онҳо сари вақт тадбирҳо андешида шаванд. Аз ҷумла, дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии маъракаҳои дафну азодорӣ, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва риояи тарзи дурусти ҳаёти солим корҳо беҳбудӣ мехоҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон

Март 30, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд