Дар Москва Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» чун пештара тибқи тартиби муқараргардида фаъолият менамояд

Март 2, 2022 17:13

ДУШАНБЕ, 02.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати  меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба таваҷҷуҳи  муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки вобаста ба ваъзи баамаломадаи геополитикӣ ва ноустувории иқтисодӣ дар ҷаҳон ба таҳлука наафтода, зимни будубош дар ин кишвар меъёрҳои муқарарнамудаи қонунгузории Федератсияи Русияро риоя намоянд. Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ «Сахарово» тибқи тартиби муқараргардида, ҳамарӯза аз соати 8:00 то 20:00 барои шаҳрвандони хориҷӣ фаъолият менамояд, хабар дод масъули бахши Намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода ба АМИТ “Ховар”. 

 — Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ баъзе аз блогерон ва шахсони манфиатҷӯ дар иртибот ба фаъолияти Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ «Сахарово»  ҳар гуна овозаҳои беасос паҳн мекунанд. Шаҳрвандони мо ба ин  гуна хабарҳои беасос  бовар накарда, барои пардохти маблағи моҳонаи ҳаққи иҷозаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) метавонанд аз соати 8:00 то 20:00 ба  маркази мазкур, ки  дар суроғаи вилояти Москва, деҳаи Вороновское, шоҳроҳи Варшавское, 64 км, Б1, қабати 47 ҷойгир мебошад,  муроҷиат намоянд, — афзуд Каримҷон Салимзода.

Ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки ҳангоми пардохти маблағи моҳонаи ҳаққи иҷозаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) аз хизматрасониҳои бонкҳо истифода намуда,  баргаи (чек) онро бо худ  нигоҳ доранд. Дар иртибот ба ваъзи баамаломадаи бонкӣ пардохти пеш аз муҳлати он (2-3 рӯз пеш) ба манфиат мебошад. Ҳамзамон дар ин давра ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки вобаста ба тағийрёбии қурби асъор аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намуда, маблағҳои худро сарфакорона истифода намоянд. Инчунин пеш аз убури сарҳади давлатии Федератсияи Русия маълумоти худро аз махзани маълумотии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оид ба манъи вуруд тафтиш намуда, пасон сарҳади давлатиро убур намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки дар давраи ноустувории иқтисодӣ эҳтимоли сари вақт   пардохт нагардидани  музди меҳнат зиёд гардида, тавсия дода мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, тибқи талаботҳои шартномаи меҳнатӣ фаъолият намоянд. Инчунин зарур аст, ки ҳангоми илованамоии соатҳои корӣ низ шартномаи иловагӣ ба имзо расонида шуда, нусхаи онро ҳатман бо  худ маҳфуз доранд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади назорат ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ дар самти муносибатҳои меҳнатӣ кормандони мақомотҳои марбутаи Федератсияи Русия ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, қайди муҳоҷиратӣ (регистрация) ва иҷозатномаи фаъолияти (патент) меҳнатиро бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузорӣ пурсон мешаванд, ки пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои мазкур зарур буда, итоат кардан ба талаботҳои қонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳатмӣ мебошад.

 

АКС:  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ 

Март 2, 2022 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд