Дар ноҳияи Шаҳринав ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳимоя мегардад

Март 16, 2022 09:58

ШАҲРИНАВ, 16.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  15 март кормандони Маркази давлатии ташхисию санитарии ноҳияи Шаҳринав дар якҷоягӣ бо мутахассисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва баланд бардоштани маърифати истеъмолкунандагон дар байни аҳолӣ ва соҳибкорони мағозаю бозорҳои ноҳия вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, ба сокинон оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон  варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо  мақсади иҷрои банди 2 қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил аз 18 октябри соли 2011 оид ба татбиқи давраи дуюми Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намудааст, ки дар он сохторҳои дахлдор ба таври мушаххас доир ба ҳифзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  мунтазам дар бозору мағозаҳо санҷишҳои муштарак гузаронида,  маҳсулоти пастсифату муҳлаташон гузаштаро мусодира карда, нобуд месозанд.

Ҳамчунин барои  боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасонӣ дар байни  аҳолӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма мақолаю гузоришҳо нашр карда мешаванд.

Дар асоси талаботи моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Маркази машваратӣ бо телефони боварӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон фаъолият менамояд, ки ҳар шаҳрванд метавонад тавассути он бемамониат арзу шикояти худро расонад.

Масъулини ноҳияи Шаҳринав иброз доштанд, ки шаҳрвандонро зарур аст барои ҷоннок шудани кори комиссия ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолиашон дар вақти харидории молу маҳсулот ба сифат, муҳлати истифода ва ҳуҷҷатҳои маҳсулот аҳамият диҳанд ва ба ин васила саломатии худ ва наздиконашонро эҳтиёт карда, аз ҳуқуқҳои истеъмолиашон ҳимоя намоянд.

 

 АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Март 16, 2022 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш диҳад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ иқтидори обию энергетикӣ ва шаҳсозии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе таҳти унвони «Об — манбаи ҳаёти инсоният» Фестивали об ва барномаи фарҳангӣ доир шуд
Имконоти иқтисодии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони ширкатҳои байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ оид ба мониторинг, арзёбӣ ва моделсозии пешгӯии пиряхҳо ва криосфера баргузор гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Устувории низомҳои озуқаворӣ дар давраи камбуди ҷаҳонии об дар Душанбе баррасӣ гардид
Форуми байналмилалии «Об ва зеҳни сунъӣ – робитаи дуҷониба» баргузор гардид
Равиши ҳамгироёнаи идоракунии захираҳои об дар меҳвари Форуми 7-уми байналмилалӣ дар Душанбе қарор гирифт
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Машварати минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба Конфронси оби СММ баргузор гардид
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон имконияти бузурги таъмини кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Осиёи Ҷанубиро бо барқи «сабз» дорад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми «Об ва хатарҳои иқлимӣ: илм, мониторинг ва идоракунӣ» баргузор шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ идома дорад