Дар ноҳияи Ёвон қарзи истифодаи барқ кай баргардонида мешавад?

Март 3, 2022 13:16

ЁВОН, 03.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон то якуми феврали соли 2022 қарздорӣ аз барқ ба 61 миллиону 752 ҳазору 009 сомонӣ расида, танҳо дар як моҳи соли 2022 он як миллиону 149 ҳазору 146 сомонӣ зиёд гардидааст. Дар ин бора муҳосиби пешбари шуъбаи фурӯши барқи ноҳияи Ёвон Ҳикмат Валиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, калонтарин карздорон аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон ба маблағи 20 миллиону 270 ҳазору 766 сомонӣ, ҶСК «Тоҷикхимпром»- 34 миллиону 445 ҳазору 035 сомонӣ, ҶДММ «Хима-Текстил»- як миллиону 87 ҳазору 585 сомонӣ ва муштариёни маишӣ- 4 миллиону 109 ҳазору 853 сомонӣ мебошанд, ки қисми зиёди ин қарзҳо аз солҳои қаблӣ боқӣ мондаанд.

Масъулини шуъбаи муҳосибии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон гуфтанд, ки «соли 2021 барои бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишт ба маблағи 5 миллиону 879 ҳазору 669 сомонӣ қувваи барқ истифода шудааст. Барои обёрӣ намудани қисми зиёди заминҳои корам, аз пойгоҳи обкашии якум то пойгоҳи обкашии 6-ум шаш адад пойгоҳи обкашӣ истифода мегардад, ки дар ин пойгоҳҳо қариб 13 адад насосҳои обкаши калонҳаҷм истифода мешаванд.

Мисол, корхонаи мо барои бо оби полезӣ таъмин намудани як гектар замин дар як моҳ аз 350 то 500 сомонӣ хароҷот менамояд, вале нархи давлатии ҳаққи хизматрасонии оби полезӣ барои як гектар 200 сомонӣ муайян гардидааст. Аз ин рӯ маблағи сарфгардидаро пурра ҷамъоварӣ карда намешавад».

Инчунин гуфта шуд, ки то имрӯз ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва баъзе хоҷагиҳо аз Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ёвон 11 миллиону 472 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Дар сурати баргардонидани ин маблағҳо қарзи истифодаи қувваи барқ низ кам мегардад.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои истифодаи беҳудаи неруи барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи он гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ташкил гардида буданд. Аз ин рӯ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвонро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия гурӯҳҳои корӣ ташкил намуда, оид ба оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани неруи барқ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд. Ҳамзамон дар якҷоягӣ бо кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия қарзи истифодаи қувваи барқро ҷамъоварӣ намоянд.

 

АКС: манбаъҳои боз

Март 3, 2022 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд