Дар Озарбойҷон бахшида ба Иди Наврӯз фестивали «Оши палов» баргузор гардид

Март 29, 2022 08:57

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Мамнӯъгоҳи миллии таърихию бадеии Гобустони фестивали «Оши палов» бахшида ба Иди Наврӯз баргузор карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар фестивали мазкур муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Элнур Алиев, вакили парлумон Айдин Ҳусейнов, Раиси ҳокимияти иҷроияи вилояти Гарадаги Ҷумҳурии Озарбойҷон Сулаймон Микаилов, сафирони Ҳиндустон, Туркия, Давлати Қатар, Покистон, намояндагони дигар сафоратҳо, созмонҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон зикр намуд, ки Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон — Сада ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсола ҳамчун омилҳои пояндагии тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.

АКСҲО: Вазорати корҳои хориҷии ҶТ

Март 29, 2022 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард