Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллиард сомонӣ сармоя истифода карда шуд

Март 29, 2022 11:39

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду моҳи соли равон  дар Тоҷикистон аз тамоми манбаъҳои молӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ (150,3 миллион доллар) маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,5 дарсад бештар аст. Дар ин бора avesta.tj бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра барои иншооти саноатӣ ба маблағи беш аз 1,1 миллиард сомонӣ ё 61,4 фоиз сармоягузорӣ аз худ карда шудааст.

Дар иншооти ғайриистеҳсолӣ сармоягузорӣ ба маблағи 752,5 млн сомонӣ ё худ 38,6 фоизи ҳаҷми умумии маблағгузории кишвар аз худ карда шудааст.

Дар сохтмони иншооти электроэнергетиӣ қариб 1 млд сомонӣ аз худ карда шудааст. Ҳаҷми сармоягузориҳои азхудшуда дар сохтмони иншооти энергетикӣ нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли 2021 1,7 баробар афзудааст.

Дар соҳаи нақлиёт ва алоқа 128,4 млн сомонӣ маблағгузорӣ ба фондҳои асосӣ аз худ карда шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Март 29, 2022 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд