Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба зарардидагони офати табиӣ кумак расонида шуд
ДУШАНБЕ, 24.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода бо ҳамроҳии Раиси вилоят Алишер Мирзонабот аз хонаҳое, ки ҳангоми фаромадани тарма зарар диданд, боздид намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Котиби Шӯрои амният ва Раиси вилоят бо соҳибони хонаҳои зарардида аз наздик суҳбат намуда, кумакҳои ниёзи аввал аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ ва кумаки молиявӣ расониданд.
Насрулло Маҳмудзода зимни суҳбат бо зарардидагон иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро танҳо намонда, ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замин ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба онҳо кумак хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 16 март дар деҳаи Пашори ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон дар натиҷаи фаромадани тарма ду хонаи истиқоматӣ, аз ҷумла як хонаи истиқоматӣ пурра ва як хонаи истиқоматии дигар қисман зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.


Дар робита ба ин таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода Ситод оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис ёфт.
Раиси ноҳия дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдори ноҳия аз маҳалли офат дидан кард.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба сокинони осебдида кумаки яквақтаи молиявӣ ва озуқаворӣ расонида шуд.
АКСҲО: МИҲД-и ВМКБ









Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






