Дар вилояти Суғд зиёда аз 19 ҳазор нафар занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд

Март 5, 2022 10:39

ДУШАНБЕ, 05.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд беш аз 1 миллиону 392 ҳазор нафар занону духтарон умр ба сар бурда, аз онҳо 19 298 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1 167 нафарашон ​ дар мақомоти давлатӣ ​ фаъолият доранд.​ Ҳамчунин 275 нафар бонувони вилоят дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ​ рисолати хешро дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат бо сари баланд иҷро менамоянд. ​Ин нуктаро 4 март дар Қасри Арбоб зимни суханронӣ дар ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи модар Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ​ барҳақ таъкид намудаанд, ки модарону хоҳарони гиромӣ тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳанд ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоянд.

«Воқеан ҳам, модарон беҳтарин такягоҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшанибахши ҳар як хонадон, қуввату мадори дилҳо буда, боиси ҳамаи афзалиятҳои зиндагӣ, қуввати дилу ҷонанд, ки дар ҳар тапиши дил ба мо ақлу заковат, меҳру муҳаббат, эъҷозу ҳикмат ва хираду сарват мебахшанд», — тазаккур дод Раиси вилоят.

Ҳамзамон мавсуф илова намуд, ки​ дар кишвар ҷашни фархундаи Рӯзи модар бо фарорасии баҳор ва Наврӯзи байналмилалӣ тавъам омадааст, ки ин идҳои бузург рамзи некиву саодат, шукуфоӣ, пойдории зиндагӣ ва ваҳдату осоиштагӣ мебошанд.

Зикр шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад.

«Боиси ифтихор аст, ки аз ҳисоби занони вилоят 3 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 186 ​ нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 650 нафар вакилони халқи ҷамоатҳо интихоб гардиданд ва ин рақам нисбат ба давраи гузаштаи интихобот зиёд мебошад», — иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ба таъкиди ӯ, аз ҳисоби занони вилоят 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 2 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо мебошанд, ки онҳо дар татбиқи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон шарафмандона фаъолият мебаранд.​

«Дар вилоят бештар аз 1 миллиону 392 ҳазор нафар занону духтарон умр ба сар мебаранд ва аз онҳо 19 298 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1167 нафарашон ​ дар мақомоти давлатӣ ​ фаъолият мебаранд, — гуфт Раиси вилоят ва илова кард, ки 275 нафар бонувони вилоят дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ​ рисолати хешро дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлат бо сари баланд иҷро менамоянд».​

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги вилоят барномаи ҷолиби консертӣ, ки тараннумгари қадру манзалат ва бузургии занону модарон буд, намоиш дода шуд.

 

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси Суғд

Март 5, 2022 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд