ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавсими имсола дар Хоруғ зиёда аз 3 ҳазор бех дарахтони босамару ороишӣ шинонида мешаванд
ХОРУҒ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 3 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ интиқол дода шуданд. Давоми се рӯзи охир аз нисф бештари ин ниҳолҳо дар боғи ботаникӣ, роҳҳои маҳаллаҳо, назди идораву муассиса ва кӯчаву хиёбони марказии шаҳр шинонда шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Ёдовар мешавем, ки ҳавои сард ва бориши пай дар пай мавсими ниҳолшинониро дар вилоят андаке ба таъхир андохт, аммо ба назари мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ин маъракаи муҳими баҳорӣ дар шароити иқлими кӯҳистон то охири моҳи апрел идома меёбад. Дар мавсим ҳамаи намудҳои ниҳолҳои маҳаллӣ ва ниҳолҳое, ки аз дигар манотиқи мамлакат ба вилоят интиқол ёфтаанд, шинонда мешаванд.
Мутобиқи тавсияи олимони Боғи ботаникии Помир, маъракаи шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар ВМКБ аз даҳаи дуюми моҳи апрел сар мешавад. Зеро ҳанӯз ҳаво номусоиду тағйирёбанда буда, эҳтимоли сард шудани он ва боридани борон вуҷуд дорад. Аммо сарфи назар аз ин дар 12 гармхонаи шаҳри Хоруғ кӯчати гулҳо ва буттаҳои ороишӣ пурра омодаанд.
Соли гузашта майдони гулзору гулгаштҳо то ба 8 ҳазор метри мураббаъ расонда шуда буд. Имсол дар шаҳр боз ҳазор метри мураббаъ гулзору гулгашти нав бунёд карда мешавад.
Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев гуфт, ки “дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, ки иқлими муътадил доранд, маъракаи ниҳолшинонӣ аввали моҳи март оғоз ёфт, аммо сокинони ноҳияҳои баландкӯҳи вилоят ба сабаби ҳавои сард ва боронгариҳои пай дар пай ин маъракаро танҳо охири моҳи март шурӯъ намуданд”.
Ба андешаи номзади илмҳои кишоварзӣ Сӯҳроб Мусоев, “тайи чанд соли охир дар кӯчаву хиёбони марказии шаҳри Хоруғ бештар зиёд аз 700 бех ниҳолҳои арча шинонда шуданд, ки ба иқлими кӯҳистон хеле мутобиқ мебошанд. Имсол низ аз шаҳри Ваҳдат якуним ҳазор бех ниҳоли арча ба шаҳру ноҳияҳои вилоят интиқол дода шуданд”.
Маъракаи ниҳолшинонӣ хеле муҳим аст, аммо муҳимтар аз он парвариш, нигоҳубин ва ҳифзи ин ниҳолҳост. Зеро баъзе аз ин дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ ба сабаби беобӣ пажмурда шуда, ба бархеи дигар ҳайвоноти хонагӣ осеб мерасонанд. Агар ҳамаи ин ниҳолҳо бе ягон осеб ба самар расанд, Хоруғ ба яке аз шаҳрҳои сарсабз ва аз ҷиҳати экологӣ поку озода табдил меёбад. Бинобар ин ҳар сокини шаҳру деҳот бояд дар ҳифзи дарахтон ва гулу буттаҳо худро масъул бидонад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад






