ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавсими имсола дар Хоруғ зиёда аз 3 ҳазор бех дарахтони босамару ороишӣ шинонида мешаванд

Март 31, 2022 09:48

ХОРУҒ, 31.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  зиёда аз 3 ҳазор бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву ороишӣ интиқол дода шуданд. Давоми се рӯзи охир аз нисф бештари ин ниҳолҳо дар боғи ботаникӣ, роҳҳои маҳаллаҳо, назди идораву муассиса ва кӯчаву хиёбони марказии шаҳр шинонда шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки ҳавои сард ва бориши пай дар пай  мавсими ниҳолшинониро дар вилоят андаке ба таъхир андохт, аммо ба назари мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ин маъракаи муҳими баҳорӣ дар шароити иқлими кӯҳистон то охири моҳи апрел идома меёбад. Дар мавсим ҳамаи намудҳои ниҳолҳои маҳаллӣ ва ниҳолҳое, ки аз дигар манотиқи мамлакат ба вилоят интиқол ёфтаанд, шинонда мешаванд. 

Мутобиқи тавсияи олимони Боғи ботаникии Помир, маъракаи шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар ВМКБ аз даҳаи дуюми моҳи апрел сар мешавад. Зеро ҳанӯз ҳаво номусоиду тағйирёбанда буда, эҳтимоли сард шудани он ва боридани борон вуҷуд дорад. Аммо сарфи назар аз ин дар 12 гармхонаи шаҳри Хоруғ кӯчати гулҳо ва буттаҳои ороишӣ пурра омодаанд.

Соли гузашта майдони гулзору гулгаштҳо то ба 8 ҳазор метри мураббаъ расонда шуда буд. Имсол  дар шаҳр боз ҳазор метри мураббаъ гулзору гулгашти нав бунёд карда мешавад.

Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ Мулкамон Назаралиев гуфт, ки “дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, ки иқлими муътадил доранд, маъракаи ниҳолшинонӣ аввали моҳи март оғоз ёфт, аммо сокинони ноҳияҳои баландкӯҳи вилоят ба сабаби ҳавои сард ва боронгариҳои пай дар пай ин маъракаро танҳо охири моҳи март шурӯъ намуданд”.

Ба андешаи номзади илмҳои кишоварзӣ Сӯҳроб Мусоев, “тайи чанд соли охир дар кӯчаву хиёбони марказии  шаҳри Хоруғ бештар зиёд аз 700 бех ниҳолҳои арча шинонда шуданд, ки ба иқлими кӯҳистон хеле мутобиқ мебошанд. Имсол низ аз шаҳри Ваҳдат якуним ҳазор бех ниҳоли арча ба шаҳру ноҳияҳои вилоят интиқол дода шуданд”.

Маъракаи ниҳолшинонӣ хеле муҳим аст, аммо муҳимтар аз он парвариш, нигоҳубин ва ҳифзи ин ниҳолҳост. Зеро баъзе аз ин дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ ба сабаби беобӣ пажмурда шуда, ба бархеи дигар ҳайвоноти хонагӣ осеб мерасонанд. Агар ҳамаи ин ниҳолҳо бе ягон осеб ба самар  расанд, Хоруғ ба яке аз шаҳрҳои сарсабз ва аз ҷиҳати экологӣ поку озода табдил меёбад. Бинобар ин ҳар сокини шаҳру деҳот бояд дар ҳифзи дарахтон ва гулу буттаҳо худро масъул бидонад.

АКСҲО: АМИТ  «Ховар»

Март 31, 2022 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд