ДАРАХТИ ДӮСТӢ. Дар Душанбе доир ба ҳифзи муҳити зист аксия баргузор гардид

Март 14, 2022 11:26

ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе, 12 март Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳорчӯби вокуниш ба мушкилоти ҷаҳонии тағйирёбии иқлим дар Душанбе барои ҳифзи муҳити зист аксия доир намуд. Чорабинӣ ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария бахшида шуд. Ҳудуди 300 дарахт аз ҷониби ҳукумати Швейтсария тавассути Хазинаи Оғохон  ХАБИТАТ  (AKAH) харидорӣ шудааст, то дар боғи назди кӯли Ҷавонони пойтахт шинонида шаванд.

Мутахассисони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарахтони мувофиқро интихоб намуда, барои шинонидан майдон ҷудо карданд. Дар аксия беш аз 150 волонтёр аз намояндагии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони татбиқи лоиҳа иштирок намуданд.

Дар давраи пандемия бисёр фаъолияти иҷтимоӣ коҳиш ёфтанд ва ин чорабинӣ паёми мусбат хоҳад буд, то аён гардад, ки ғамхорӣ доир ба муҳити зист  ва шинондани ниҳолҳои нав барои ояндаи сабзу устувор ҳанӯз ҳам муҳим аст. Сабзу хуррам гаронидани шаҳр яке аз вазифаҳои муҳим доир ба устуворӣ мебошад, ки ба сокинон ва наслҳои оянда манфиат меоварад. Дарахтҳо ҳаворо тоза ва зарраҳои зарароварро маҳв месозанд, ифлосшавии ҳаворо кам мекунанд, сояро таъмин намуда, гармиро дар шаҳрҳо маҳдуд мекунанд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ муовини роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Шеневар зикр намуд, ки «таҷлили солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария аз шинонидани дарахтон оғоз шуд, ки чун рамзи тақвияти муносибатҳои (решаҳои) пурсамар  ва ҳамкории ду кишвар дар замони муосир хеле муҳим аст».

«Ин амали нек на танҳо ба беҳбуди вазъи экологӣ, санитарию гигиенӣ, муҳити зист, ташаккули ҳавои тоза ва беҳбуди аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад, балки ба таҳкими дӯстии байни кишварҳо ва халқҳоямон низ мусоидат мекунад.

«Тавре ки Ҳофизи Шерозии бузургвор фармудааст: «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад…», — иброз намуд раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода.


Мавриди зикр аст, ки тӯли 25 соли ахир Швейтсария ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳудуди 500 миллион доллари амрикоӣ  грант  (кумаки бебозгашт) ҷудо кардааст. Тавассути барномаи ҳамкорӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) Швейтсария ба дастгирии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демократӣ, пешбурди равиши ҳамгироӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мураккаби идоракунии обҳои фаромарзӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва пешбурди идоракунии хуб тамаркуз менамояд.

 

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Март 14, 2022 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад