ДАРАХТИ ДӮСТӢ. Дар Душанбе доир ба ҳифзи муҳити зист аксия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбе, 12 март Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар чаҳорчӯби вокуниш ба мушкилоти ҷаҳонии тағйирёбии иқлим дар Душанбе барои ҳифзи муҳити зист аксия доир намуд. Чорабинӣ ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария бахшида шуд. Ҳудуди 300 дарахт аз ҷониби ҳукумати Швейтсария тавассути Хазинаи Оғохон ХАБИТАТ (AKAH) харидорӣ шудааст, то дар боғи назди кӯли Ҷавонони пойтахт шинонида шаванд.
Мутахассисони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарахтони мувофиқро интихоб намуда, барои шинонидан майдон ҷудо карданд. Дар аксия беш аз 150 волонтёр аз намояндагии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони татбиқи лоиҳа иштирок намуданд.
Дар давраи пандемия бисёр фаъолияти иҷтимоӣ коҳиш ёфтанд ва ин чорабинӣ паёми мусбат хоҳад буд, то аён гардад, ки ғамхорӣ доир ба муҳити зист ва шинондани ниҳолҳои нав барои ояндаи сабзу устувор ҳанӯз ҳам муҳим аст. Сабзу хуррам гаронидани шаҳр яке аз вазифаҳои муҳим доир ба устуворӣ мебошад, ки ба сокинон ва наслҳои оянда манфиат меоварад. Дарахтҳо ҳаворо тоза ва зарраҳои зарароварро маҳв месозанд, ифлосшавии ҳаворо кам мекунанд, сояро таъмин намуда, гармиро дар шаҳрҳо маҳдуд мекунанд.
Зимни суханронии ифтитоҳӣ муовини роҳбари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Шеневар зикр намуд, ки «таҷлили солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария аз шинонидани дарахтон оғоз шуд, ки чун рамзи тақвияти муносибатҳои (решаҳои) пурсамар ва ҳамкории ду кишвар дар замони муосир хеле муҳим аст».
«Ин амали нек на танҳо ба беҳбуди вазъи экологӣ, санитарию гигиенӣ, муҳити зист, ташаккули ҳавои тоза ва беҳбуди аҳолӣ таъсири мусбат мерасонад, балки ба таҳкими дӯстии байни кишварҳо ва халқҳоямон низ мусоидат мекунад.
«Тавре ки Ҳофизи Шерозии бузургвор фармудааст: «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад…», — иброз намуд раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода.

Мавриди зикр аст, ки тӯли 25 соли ахир Швейтсария ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳудуди 500 миллион доллари амрикоӣ грант (кумаки бебозгашт) ҷудо кардааст. Тавассути барномаи ҳамкорӣ барои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) Швейтсария ба дастгирии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демократӣ, пешбурди равиши ҳамгироӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мураккаби идоракунии обҳои фаромарзӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва пешбурди идоракунии хуб тамаркуз менамояд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид






