ФАВРӢ! Сердар Бердимухамедов дар интихоботи президентии Туркманистон пирӯз гардид

Март 15, 2022 13:01

ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Писари президенти феълии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов Сердар Бердимухамедов дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора сомонаи Комиссияи марказии интихоботии Туркманистон иттилоъ додааст.

Бино ба маълумоти комиссия, ӯ 72,97 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

«Муовини раиси Девони вазирони Туркманистон Сердар Гурбонгулиевич Бердимухамедов <…> президенти интихобшудаи Туркманистон эътироф шуд», — гуфта мешавад дар иттилоия.

Интихоботи пеш аз муҳлати президенти Туркманистон 12 март баргузор шуд. Нуҳ номзад, ки аз ҷониби се ҳизби сиёсӣ ва гурӯҳҳои ташаббускори шаҳрвандон пешбарӣ шуда буданд, ба мақоми олии давлатӣ даъво доштанд. Рақибони Сердар Бердимухамедов дар маҷмӯъ 27,03 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд. Натиҷаи беҳтарро ноиби ректори Институти давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Туркманистон Хидир Нуннаев, ки 11,09 дарсади овозҳоро гирифтааст, ба даст овард.

Маросими савгандёдкунии президенти нав 19 март баргузор мешавад.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Март 15, 2022 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Интихоботи президентӣ дар Чехия 13 ва 14 январи соли 2023 доир мегардад
Дар Узбекистон муҳлати ваколати Президентро аз 5 ба 7 сол тамдид мекунанд
Густаво Петро дар интихоботи президентии Колумбия пирӯз шуд
Дар Қасри сафед тасдиқ карданд, ки Ҷо Байден ният дорад номзадии худро маротибаи дуюм пешбарӣ намояд
Узбекистон тартиби вуруди шаҳрвандони хориҷиро осон менамояд
Президенти нави Амороти Муттаҳидаи Араб интихоб гардид
Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа бин Зоид Оли Наҳён аз олам даргузашт
Дар Чин ҳавопаймо бо 122 мусофир оташ гирифт
Артиши Масъуд се ноҳияи Панҷшерро тасарруф намуда, толибонро асир гирифт
Дар Сербия пирӯзии Александр Вучичро дар интихоботи президентӣ расман эълон карданд
Эммануэл Макрон дар интихоботи Фаронса пас аз ҳисоби садфоизаи овозҳо пирӯз шуд
ДАР ФАРОНСА — БОЗ ХУРУҶИ ЗУКОМИ ПАРАНДА. АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин чӣ гуна вирус аст