ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Туркия бозии сеюми санҷишӣ доир менамояд

Март 29, 2022 10:03

ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи   Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт бозии сеюми санҷишӣ баргузор мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон бозии дуюми санҷиширо бо дастаи  мунтахаби олимпии то 23-солаи Урдун бо ҳисоби 0:0 анҷом дод. Аз ин пеш футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии санҷишӣ дар Анталия аз ҳамсолонашон аз Того бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуда буданд.

Дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Анталияи Туркия дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон боз як бозии санҷишӣ баргузор мекунад. Футболбозони ҷавони тоҷик имрӯз,  29  март бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт бозӣ мекунанд.

Зимнан, дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Кувайт 26 март бозии санҷиширо ба дастаи  миллии Афғонистон бо ҳисоби 0:3 бохта буд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июни соли равон дар Узбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) бозӣ мекунад.

 

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 29, 2022 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд