Гурезаҳои афғон дар муассисаҳои Тоҷикистон ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд

Март 2, 2022 10:01

ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Гурезаҳои афғон бо мақсади соҳибкасб шудан дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон  ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Ин матлабро Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ширин Амонзода 1 март зимни вохӯрӣ бо масъули Бахши муҳоҷират, ҷойивазкунӣ, ҳолатҳои фавқулода ва маорифи СММ (ЮНЕСКО) Хода Ҷаберян ва намояндаи Бюрои минтақавии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Мергул Алписбаева баён дошт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии мамлакат.

Намояндаи ЮНЕСКО Хода Ҷаберян аз корҳои анҷомдодаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолии мамлакат дар самти фарогирии шаҳрвандони Афғонистон изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ Дафтари ЮНЕСКО омода аст кумаки техникӣ  расонад.

Ширин Амонзода барои ҳамкории муштараки ЮНЕСКО бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, бахусус дар самти таҳсилоти ибтидои касбӣ ва таълими калонсолон изҳори минатдорӣ намуд. Зимни вохӯрӣ оид ба дигар масъалаҳо вобаста ба саҳми ЮНЕСКО барои қонеъ намудани ниёзҳои таҳсил ва омӯзиши гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом масъалаҳо марбут ба ҳамкории минбаъда дар самти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва тайёр кардани кадрҳо, ки ба амалисозии барномаҳои давлатӣ, стратегия ва консепсияҳои мамлакат ҷиҳати рушди таҳсилоти босифат равона шудаанд, баррасӣ гардиданд.

 

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Март 2, 2022 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд