Ҳилолбӣ Қурбонзода: «Масъалаҳои баробарии гендерӣ ба санадҳои стратегии Тоҷикистон ворид карда шудаанд»

Март 18, 2022 13:40

ДУШАНБЕ, 18.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такмили заминаҳои ҳуқуқӣ барои ноил шудан ба баробарии гендерӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.  Масъалаҳои баробарии гендерӣ дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар ҷой дода шудаанд. Ҷараёни нави қонунгузорӣ бо дарназардошти равиши гендерӣ қабул карда мешавад”. Чунин изҳори назар намуд Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни паёми видеоӣ дар ҷаласаи 66-уми Комиссия оид ба мақоми занон, ки дар қароргоҳи СММ ба кор шурӯъ намуд.

Имсол форум дар мавзӯи афзалиятнок «Ба даст овардани баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳамаи занону духтарон дар заминаи тағйирёбии иқлим, стратегияҳо ва барномаҳои коҳиш додани хатари экологӣ ва офатҳои табиӣ» баргузор мешавад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни суханронӣ ҳозиринро бо сиёсате, ки дар ҷумҳурии мо ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи  зан дар ҷомеа, таъмини баробарии гендерӣ, инчунин фаъолнокии онҳо дар рушди   иқтисодиёти мамлакат амалӣ мегардад, шинос намуд.

Ба гуфтаи Ҳилолбӣ Қурбонзода, иқтисод ва рушди инсон дар Тоҷикистон ба сармояи табиии он алоқамандии зич дорад. Соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз қабили кишоварзӣ, энергетика, идоракунии захираҳои об, саноат, аз ҷумла истихроҷи маъдан аз муҳити зист хеле вобастаанд.

Гузаронидани таҳлили миллии гендерӣ барои огоҳонидани минбаъдаи равандҳои нақшаи миллии мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим ва дар ин замина коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ муҳим аст.

Ва инчунин бо назардошти гуфтаҳои боло ҷалби бештари духтарон ба донишгоҳҳои махсуси техникӣ ва додани қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ба занони соҳибкор, махсусан дар деҳот  зарур аст.

16 март бо мақсади таъмини дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои корӣ ва коҳиш додани санҷишҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълони мораторий ба ҳамаи намудҳои санҷишҳои соҳибкорӣ то 1 январи соли 2023 ба имзо расид.

Ёдовар мешавем, ки 14 март  дар қароргоҳи СММ иҷлосияи 66-уми Комиссия оид ба мақоми занон  таҳти унвони «Ноилшавӣ ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии тамоми занону духтарон дар заминаи тағйирёбии иқлим, иқдомот ва барномаҳои коҳиши хавфи офатҳо ва муҳити зист” оғоз ёфт, ки то 25  марти соли равон ҷараён мегирад.

Дар кори иҷлосия Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, раиси иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Абдулло Шаҳид, роҳбарияти Созмони Занони СММ, Директори иҷроияи Барномаи муҳити зист (ЮНЕП), ҳайатҳои кишварҳои узв, коршиносони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти минтақавӣ, намояндагони сохторҳои ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои хориҷӣ ширкат доранд.

 АКСҲО: Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҲҶТ

 

Март 18, 2022 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон паёмрасони миллӣ- ORIZ ба фаъолият оғоз намуд
Вазъи беҳтар кардани некӯаҳволии занону духтарон ва солимии репродуктивии онҳо баррасӣ гардид
Ба Раёсатҳои захираҳои оби минтақаҳои ҳавзавии Вахш ва Панҷ нақлиёти нави барқӣ тақдим гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
Дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида мешавад
Имсол 39 нафар занони ҳунарманди вилояти Суғд соҳиби гранти президентӣ гардиданд
Дар шаҳри Копенгаген масъалаҳои саломатии кӯдакон ва ҳаёти солим баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Истироҳатгоҳи «Санги сипар» дар Панҷакент барқарор карда мешавад
Дар Суди Олӣ оид ба нақши Конститутсия дар таҳкими давлати демократию ҳуқуқбунёд конференсия баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо иштироки судяҳо конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«КОНСТИТУТСИЯ- ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТИ ОБОДИ МО». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир гардид