Имрӯз дар доираи Иҷлосияи V1 Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» ҷаласа оид ба беҳтарсозии шаҳрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи V1 Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» рӯзи дуюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагону коршиносон аз 40 шаҳри қитъаи Осиё ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ ҷараён дорад. Дар он инчунин намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар ниҳодҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат доранд.
Имрӯз дар ҷараёни форуми мазкур ҷаласаи «Беҳтарсозии шаҳрӣ» ва «Саломатии шаҳрӣ» баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён оид ба вазъи соҳаи тандурустии шаҳрҳо дар кишварҳои Осиё мубодилаи афкор намуданд.
Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода зикр намуд, ки соҳаи тандурустӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, тӯли солҳои истиқлоли комили миллӣ дар қатори дигар самтҳои муҳим ин бахши муҳим низ дар миқёси ҷумҳурӣ ва хосса дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба дастовардҳои назарраси илмиву амалӣ соҳиб гардид.
Бо таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маблағгузории соҳаи тандурустии пойтахт тайи 7 соли охир се маротиба зиёд гардид. Тайи се соли охир бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зина ба зина инфрасохтори соҳаи тандурустии пойтахт рушд карда, муассисаҳои замонавӣ ифтитоҳ гардиданд. Аз ҷумла, Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол», Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст, Беморхонаи замонавии бемориҳои сироятии кӯдакона ва бинои нави иловагии таваллудхонаи шаҳрии рақами 2 ба истифода дода шуданд.
Бояд гуфт, ки барои хизматрасонии ёрии таҷилии босифат ва саривақтӣ тайи чанд соли охир бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зиёда аз 35 адад нақлиёти замонавии ёрии тиббӣ бо ҳама намуди таҷҳизот дастрас гардид.
Ҳамзамон бо маблағгузории ҳукумати мамлакат тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳр бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Аз ҷумла, технологияҳои компютерӣ, дастгоҳҳои ҷарроҳию рентгении рақамӣ, стомологияи ҳозиразамон ва ғайра.
Иштирокдорон зикр намуданд, ки натиҷаи тадбирҳои амалии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, ки тамоми сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ паҳлу ба паҳлу бар зидди бемории сироятии КОВИД-19 мубориза бурда, аҳолии пойтахт аз гурӯҳи мақсаднок пурра бо ваксина бар зидди ин беморӣ фаро гирифта шуд.
Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки айни ҳол дар самти рушди соҳаи тандурустии пойтахти мамлакат 20 барномаи соҳавию давлатӣ амалӣ гардида истодаанд. Дар 5 соли охир 7408 нафар табибон ва зиёда аз 4 ҳазор кормандони миёнаи тиб ба кор фаро гирифта шуданд.
Ёдрас мешавем, ки Иҷлосияи V1 Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» дирӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуда, имрӯз анҷом меёбад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе






