Имрӯз дар доираи Иҷлосияи V1 Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» ҷаласа оид ба беҳтарсозии шаҳрӣ доир шуд

Март 10, 2022 14:24

ДУШАНБЕ, 10.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи V1 Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» рӯзи дуюм аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагону коршиносон аз 40 шаҳри қитъаи Осиё ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ ҷараён дорад. Дар он инчунин намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва  намояндагони дигар ниҳодҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат доранд.

Имрӯз дар ҷараёни форуми мазкур ҷаласаи «Беҳтарсозии шаҳрӣ» ва «Саломатии шаҳрӣ» баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён оид ба вазъи соҳаи тандурустии шаҳрҳо дар кишварҳои Осиё мубодилаи афкор намуданд.

Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода зикр намуд, ки  соҳаи тандурустӣ зери таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, тӯли солҳои истиқлоли комили миллӣ дар қатори дигар самтҳои  муҳим ин бахши муҳим низ дар миқёси ҷумҳурӣ ва хосса дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба дастовардҳои назарраси илмиву амалӣ соҳиб гардид.

Бо таваҷҷуҳи хосса ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маблағгузории соҳаи тандурустии пойтахт тайи 7 соли охир се маротиба зиёд гардид. Тайи се соли охир бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зина ба зина инфрасохтори соҳаи тандурустии пойтахт рушд карда, муассисаҳои замонавӣ ифтитоҳ гардиданд. Аз ҷумла, Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол», Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст, Беморхонаи замонавии бемориҳои сироятии кӯдакона ва бинои нави иловагии таваллудхонаи шаҳрии рақами 2  ба истифода дода шуданд.

Бояд гуфт, ки барои хизматрасонии ёрии таҷилии босифат ва саривақтӣ  тайи чанд соли охир бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зиёда аз 35 адад нақлиёти замонавии ёрии тиббӣ бо ҳама намуди таҷҳизот дастрас гардид.

Ҳамзамон бо маблағгузории ҳукумати мамлакат тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳр бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Аз ҷумла, технологияҳои компютерӣ, дастгоҳҳои ҷарроҳию рентгении рақамӣ, стомологияи ҳозиразамон ва ғайра.

Иштирокдорон зикр намуданд, ки натиҷаи тадбирҳои амалии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ буд, ки  тамоми сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ паҳлу ба паҳлу бар зидди бемории сироятии КОВИД-19 мубориза бурда, аҳолии пойтахт аз гурӯҳи мақсаднок пурра бо ваксина бар зидди ин беморӣ фаро гирифта шуд.

Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки айни ҳол дар самти рушди соҳаи тандурустии пойтахти мамлакат 20 барномаи соҳавию давлатӣ амалӣ гардида истодаанд. Дар 5 соли охир 7408 нафар табибон ва зиёда аз 4 ҳазор кормандони миёнаи тиб ба кор фаро гирифта шуданд.

Ёдрас мешавем, ки Иҷлосияи V1 Маҷмаи умумии «Форуми раисони шаҳрҳои Осиё» дирӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуда, имрӯз анҷом меёбад.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

 

Март 10, 2022 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 4 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз кард
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар гардидааст
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад