Кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 март ҷаласаи 5-уми вазирони кишоварзии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои табиӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ба тариқи маҷозӣ доир гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти ин вазорат.
Дар кори ҷаласа вазирони кишоварзии Тоҷикистон ва Туркманистон, муовинонони вазирони кишоварзии Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон, муовини директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва намояндагии минтақавии ин ниҳод иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Туркманистон ва дастгирии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ гузаронида шуд.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истифодаи устувори захираҳои табиӣ, эрозияи хок, барқарор ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии чарогоҳҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд






