«МАКТАБҲОРО КУШОЕД!». Духтарони афғон ба эътироз баромаданд

Март 28, 2022 11:33

ДУШАНБЕ, 28.03.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Кобул намоиши эътирозии занон баргузор шуда, онҳо аз мақомот талаб кардаанд, то ба хонандагони синфҳои болоӣ имкони идомаи таҳсил диҳанд. Чанд рӯз қабл ҳаракати дар кишвар ҳукмрони «Толибон»* духтаронро аз рафтан ба мактаб манъ карда буд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии TOLOnews иттилоъ додааст.

«Толибон»* бояд аз нав мактабҳоро барои духтарон боз кунанд,- мегӯяд фаъоли ҷомеа Лайло Вазим.-Зеро занон қисми зиёди ҷомеаро ташкил медиҳанд ва толибон наметавонанд нисфи ҷомеаро, ки метавонад бо мардони ин ҷомеа паҳлу ба паҳлу кор кунад, аз байн баранд».

Рӯзи чоршанбеи 23 март, ки соли нави хониш дар ин ҷо оғоз шуд, дар аксари вилоятҳои кишвар духтарони мактабхон пас аз манъи ҳаштмоҳа тавонистанд паси мизи дарсиашон баргарданд. Вале бо гузашти чанд соат мақомот барои духтарони аз 11-сола боло бо далели ба миён омадани зарурати ҷорӣ кардани либоси махсуси мактабӣ ба машғулият омаданро дубора манъ карданд.

«Вақте ки субҳи барвақт ба мактаб омадам, хеле шод будам. Дидам, ки сарвари мактабамон гиря мекунад, аммо сабабашро намедонистам. Баъд ҳама хонандагон гиря карданд», — гуфт як хонанда.

«Мо ҳиҷоб мепӯшем. Мо намедонем, ки онҳо боз кадом навъи ҳиҷобро дар назар доранд», — мегӯяд хонандаи дигар.

Ҳимоятгари ҳуқуқи башар, барандаи ҷоизаи Нобел Малола Юсуфзай аз эътирозҳои духтарони афғон ҷонибдорӣ кард. Созмони Милали Муттаҳид, ЮНЕСКО, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо низ аз толибон даъват намуданд, то тасмими худро бознигарӣ кунанд. Ҳуқуқи баробар доштан ба таҳсил яке аз нуқтаҳои асосиест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи эътирофи сиёсии «Толибон»* ба он исрор меварзад.

Дар СММ аз тасмими мақомоти афғон дар бораи ба таъхир андохтани бозгашти афғондухтарони синфҳои болоӣ ба паси мизи дарсӣ изҳори нигаронӣ  намуданд, иттилоъ дод хадамоти матбуоти созмони мазкур.

«Ҳамаи муҳассилин, духтарону писарон, волидони онҳо, тамоми оилаҳо оғози соли нави хонишро бесаброна интизор буданд. Нотавонии мақомот нисбат ба воқеияти ҳол, бо вуҷуди ваъдаҳои чандинкаратаашон дар мавриди боз кардани мактабҳо барои духтарони аз синфи шашум боло боиси таассуф аст. Ин ба Афғонистон таъсири манфӣ хоҳад расонд»,-гуфта мешавад дар изҳороти котиби генералии СММ Антонио Гутерриш.

Роҳбари СММ иброз намуд, ки боз доштани  духтарон аз таҳсил на танҳо ҳуқуқҳои онҳоро поймол мекунад, балки ояндаи кишварро низ бинобар имконоту иқтидори бузург будани занону духтарони афғон зери хатар қарор медиҳад.

«Ман аз мақомоти «Толибон»* амалан даъват мекунам, ки бидуни таъхири минбаъда мактабҳоро барои ҳамаи хонандагон боз кунанд»,- гуфт Антонио Гутерриш.

Комиссари олии СММ дар умури ҳуқуқи башар Мишел Бачелет аз толибон хост, то масъулияти бар дӯш гирифта ва ваъдаҳои қаблии худро иҷро кунанд.

«Аз ҷониби ҳукуматдорон амалан иҷро нашудани уҳдадориҳо оид ба боз кардани мактабҳо барои духтарони аз синфи 6 боло- сарфи назар аз ваъдаҳои батакрори онҳо дар бораи таъмини духтарон, аз ҷумла ҳангоми сафари ман ба Кобул- ду ҳафта пеш, ба Афғонистон хисороти  ҷиддӣ мерасонад»,-зикр намуд Мишел Бачалет. Ӯ афзуд, ки гап сари на танҳо аз таҳсил маҳрум мондани духтарон меравад, инчунин ин амал боис мешавад, то онҳо нисбат ба хушунат ва истисмор  бештар осебпазир шаванд.

Ба гуфтаи комиссари олӣ, дар ҷараёни сафари охираш ба Кобул ӯ имкон пайдо намуд бо занони афғон суҳбат кунад ва онҳо  назари  худро дар бораи раҳоӣ аз буҳрони иқтисодӣ ва башарӣ, ки кишварро фаро гирифтааст, баён доштанд. Мишел Бачелет хабар дод, ки ҳамсуҳбатони ӯ омодагии худро барои пешниҳоди нақшаҳояшон ба толибон изҳор доштанд. «Онҳо ба доштани ҳуқуқи баробар барои таҳсили босифат дар сатҳҳои ибтидоӣ, миёна ва олӣ пофишорӣ намуданд ва бо умед интизори боз шудани мактабҳо буданд»,- афзуд Мишел Бачелет.

Комиссари олии СММ боварӣ дорад, ки маҳрум сохтани нисфи аҳолии Афғонистон аз ҳуқуқҳояшон бесамар ва ноодилона аст. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна табъиз дурнамои эҳёи минбаъда ва рушди кишварро халалдор мекунад.

Вай аз толибон даъват ба амал овард, ки «ба ҳаққи ҳамаи духтарон ба таҳсил эҳтиром гузоранд ва бидуни табъизу таъхири бештар барои ҳамаи хонандагон мактабҳоро боз кунанд».

Иҷрокунандаи вазифаи Директори Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел низ бо изҳорот баромад намуд.

«Миллионҳо хонандагони мактабҳои миёна дар саросари Афғонистон имрӯз бо умеде бедор шуданд, ки метавонанд ба мактаб баргарданд ва таҳсили худро идома диҳанд. Аммо дере нагузашта, умеди онҳо барбод рафт»,- таъкид намуд роҳбари ЮНИСЕФ.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим насли комили духтарони наврасро аз имкони дарёфти малакаҳое, ки барои беҳбуди ояндаашон заруранд, маҳрум мекунад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 28, 2022 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид