Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд

Февраль 15, 2024 16:59

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Давлати Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба рӯйхати шаҳрвандони  давлатҳое дохил менамояд, ки метавонанд бе раводид ба ин кишвар ворид шаванд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, тибқи маълумоти сомонаи расмии агентии сайёҳии ин кишвар «Visit Qatar», шумораи ин давлатҳо ба 102 мамлакат расидааст.

Тибқи ин қарор, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бе раводид ба Қатар ворид шуда, то 30 рӯз дар қаламрави он боқӣ монанд.

Сода намудани низоми раводид қисми муҳими стратегияи миллии рушди сайёҳӣ дар Қатар мебошад, ки ҳадафаш то соли 2030 ҳамасола ба беш аз 7 миллион нафар расонидани теъдоди сайёҳон мебошад.

Бояд гуфт, ки низоми 30-рӯзаи бе раводиди сафар барои шаҳрвандони давлати Қатар, ки хоҳиши дидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, низ амал менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 15, 2024 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид