Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид

Февраль 26, 2024 09:37

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи интихоботи рӯзи 25 феврал палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.

Ном ва насаби номзадҳоеро, ки дар ҳамаи 110 ҳавзаи интихоботӣ ғолиб омадаанд, дар нишасти матбуотӣ раиси Комиссияи марказии интихоботии ҷумҳурӣ Игор Карпенко эълон намуд.

Ӯ иттилоъ дод, ки тибқи натиҷаҳои пешакии интихобот, ҳамаи 1 284 шурои маҳаллии вакилон ташкил шуд.

Дар рӯзи якуми овоздиҳии ягона дар таърихи Беларус, ки 25 феврал доир гардид, 110 вакили палатаи намояндагони Маҷлиси миллӣ ва 12 514 вакили шуроҳои маҳаллӣ ба муддати панҷ сол интихоб гардиданд. 263 довталаб барои вакилӣ дар парлумон ва 18 802 нафар барои вакилӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ мубориза бурданд. Иштироки интихобкунандагон дар интихобот 73,09% — ро ташкил додааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 26, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид
Сергей Лебедев ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар интихоботи Беларус роҳбарӣ менамояд