Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон тавассути ҶҲАТ ба 600 нафар кӯдакони ятим кумаки ҳармоҳаи молиявӣ мерасонад
ДУШАНБЕ, 30.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) давоми 12 моҳ ба 600 нафар кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ кумаки ҳармоҳаи молиявӣ мерасонад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази иттилооти ҶҲАТ хабар медиҳад.
Дар робита ба ин имрӯз дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе миёни ҶҲАТ ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон Созишномаи оид ба оғози лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» дар соли 2022 ба имзо расид.
Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур давоми 12 моҳ 600 нафар кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дастгирӣ меёбанд. Дастгирии ҳар кӯдаки ятим тавассути кушодани корти бонкӣ ба онҳо амалӣ гардида, мувофиқи Созишнома, ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо қурби асъори миллии Тоҷикистон — сомонӣ ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузарад.
Лоиҳаи мазкур ба дастгирии 500 нафар кӯдакони ятими шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Леваканд, Ёвон, А.Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи вилояти Хатлон ва 100 нафар кӯдакони ятими шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ равона гардидааст.


Бо мувофиқа ва пешниҳоди рӯйхатҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои болозикр 600 нафар кӯдакони ятим номнавис гардида, ҳуҷҷатҳои онҳо пурра дар махзани иттилоотии ҶҲАТ сабт шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал 4 феврали соли 2020 миёни ҶҲАТ ва Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон, ки шарики доимии Ҷамъият ба ҳисоб рафта, якчанд лоиҳаҳоро дастгирӣ намудааст, оид ба лоиҳаи «Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон» Созишнома ба имзо расида буд.
Дар асоси ин созишнома 500 нафар кӯдакони ятим аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастгирӣ ёфтанд. Тибқи он, давоми як сол ба корти бонкии ятимони интихобшуда ҳар моҳ маблағи 100 доллари ИМА бо қурби асъори миллии Тоҷикистон- сомонӣ гузаронида шуд. Ин лоиҳа моҳи июли соли 2021 ба анҷом расид.
Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки айни замон дар ҶҲАТ ду лоиҳа оид ба дастгирии ятимон амал менамоянд, ки онҳо аз ҷониби Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Аморати Муттаҳидаи Арабӣ дастгирӣ ёфта, дар маҷмӯъ 1414 кӯдакони ятимро дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дастгирӣ менамоянд.
АКСҲО: Маркази иттилооти ҶҲАТ








Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад
Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд






