«МОДАР — САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА ЗИННАТБАХШИ ЗИНДАГӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Модар- сарчашмаи ҳаёт ва зиннатбахши зиндагӣ» Конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, дар бораи ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба баланд бардоштани мақому мартабаи занону модарон дар ҷомеа изҳори назар кард.
Зикр шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа ба рушди устувори мамлакат сафарбар карда шавад. Тавассути дастгириҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҳиссаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар дар ҳоли афзоиш аст.
Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода иброз дошт, ки яке аз корҳои назаррас дар самти соҳибмаърифат гардонидани занон- ин роҳандозӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистонӣ ва ҷалб намудани онҳо ба таҳсил мебошад. Дар муддати соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо духтарон ба воситаи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил намуда, соҳибкасб гардиданд.
Тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр шудааст, «дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм карданд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил доранд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд».
Дар фарҷом занону бонувон аз сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ, вазорату идораҳо барои ҳамкории судманд, саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, намунаи ибрат будан миёни бонувон, инчунин мусоидат дар ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ миёни наврасону ҷавонон бахшида ба Рӯзи Модар бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»















Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид






