«МОДАР — САРЧАШМАИ ҲАЁТ ВА ЗИННАТБАХШИ ЗИНДАГӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид

Март 4, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 04.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Модар- сарчашмаи ҳаёт ва зиннатбахши зиндагӣ» Конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуда, дар бораи ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба баланд бардоштани мақому мартабаи  занону модарон дар ҷомеа  изҳори назар кард.

Зикр шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа ба рушди устувори мамлакат сафарбар карда шавад. Тавассути дастгириҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ҳиссаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода иброз дошт, ки яке аз корҳои назаррас дар самти соҳибмаърифат гардонидани занон- ин роҳандозӣ намудани квотаи президентӣ барои духтарони кӯҳистонӣ ва ҷалб намудани онҳо ба таҳсил мебошад. Дар муддати соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо духтарон ба воситаи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил намуда, соҳибкасб гардиданд.

Тавре дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр шудааст, «дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм карданд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил доранд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд».

Дар фарҷом занону бонувон аз сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ, вазорату идораҳо барои ҳамкории судманд, саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, намунаи ибрат будан миёни бонувон, инчунин мусоидат дар ташкилу баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ миёни наврасону ҷавонон бахшида ба Рӯзи Модар бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

 

Март 4, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад