Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон
ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи рӯзи 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, фаъолон ва сокинони касбу кори гуногун дар фазои идона гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят як зумра иншооти гуногуни муҳимро ифтитоҳ намуда, ба раванди корҳои бузурги созандагӣ, кишту корӣ баҳорӣ оғоз мебахшанд. Ҳамчунин Сарвари давлат дар тантанаҳои ҷумҳуриявии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок карда, бо сокинон ва фаъолон мулоқот доир менамоянд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ босуръат идома дошта, сокинони вилоят Наврӯзи байналмилалиро бо омодагии ҳамаҷониба ва руҳияи созандаи аҳли ҷомеа, ифтихору фараҳмандӣ ва риояи оину суннатҳои хосаш дар сатҳи баланд ҷашн мегиранд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд






