«ҶОМИ НАВРӮЗ-2022». Имрӯз дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 29.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022», ки дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон ҷараён дорад, дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм миёни ҳам рақобат мекунанд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки 25 март дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022» бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Уганда оғоз ёфт, ки то 29 март идома меёбад. Дар бозии нахустини нимниҳоӣ дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Уганда вориди майдон шуд ва вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт. Баҳри муайян кардани ғолиб дастаҳо пас аз бозии бидуни гол дар сӣ дақиқаи иловашуда ба задани силсилазарбаҳои пеналтӣ пардохтанд, ки дар он дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Уганда бо ҳисоби 4:5 мағлуб шуд.
Дар бозии дигари даври нимниҳоии мусобиқа дар ҳамин рӯз дастаи мунтахаби Узбекистон дастаи мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ҳамин тариқ дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм миёни ҳам рақобат мекунанд.
Хотиррасон мешавем, ки дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Уганда дар финал барои дарёфти «Ҷоми Наврӯз-2022» бо ҳам қувва месанҷанд.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»
Нимфинал
25 март (ҷумъа)
Уганда — ТОҶИКИСТОН (1:1, силсилазарбаҳои пеналтӣ 5:4)
Узбекистон — Қирғизистон (3:1)
29 март (сешанбе)
16-00 — ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
20-00 — Уганда – Узбекистон
Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешаванд.
АКС: ФФТ








Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






