Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди тутзор дар Хоҷагии деҳқонии «Хурсандӣ-2»-и ноҳияи Кӯшониён дарахт шинонданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 март дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2” боздид ба амал оварда, барои бунёди тутзор дарахт шинонданд.
Боғи тут бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ намудани соҳаи кирмакпарварӣ таъсис ёфта, бо ин мақсад дар масоҳати 2,5 га замин бо технологияи наву муосир 3700 адад ниҳоли тут шинонида шуд. Дар боғи мазкур асосан навъи тути “Марҳамат” шинонида шуд.
Хоҷагии деҳқонии “Хурсандӣ-2” дар маҷмӯъ дорои 5 га қитъаи замин мебошад.
Дар боқимонда қитъаи замини хоҷагии мазкур гандум кишт гардида, ҳамзамон барои кишти пахта омода карда шудааст.
Ниҳолҳои тут аз ҳисоби барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ таъмин гардид.
Қаблан дар мавзеи мазкур ҳамасола бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишти сабзавот ва пахта ба роҳ монда шуда, хоҷагидорон аз ҳамин ҳисоб то 50 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст меоварданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар қитъаи замин бошад, аз 40 то 50 сентнериро ташкил менамуд.
Бунёди боғҳои наву барқарор кардани боғҳои кӯҳна, ки аз талошҳову ташаббусҳои неки Сарвари давлат сарчашма мегирад, ба хотири таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши содироти маҳсулот, таъмини корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори истеҳсолии кишвар, истифодаи самараноки заминҳо, гирифтани ду се ҳосил аз як замин дар як сол, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида ва ҳамчунин ҷиҳати татбиқи барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва кирмакпарварӣ дар мамлакат, амалӣ карда мешавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






