Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Миср аз корхонаҳои саноатии «Ҷипто фарма» ва «T&C Garments» боздид намуданд

Март 9, 2022 21:57

ДУШАНБЕ, 09.03.2022. /АМИТ «Ховар»/. 9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар минтақаи Ал — Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “Ти энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) боздид намуданд.

Дар корхонаи “Ҷипто фарма” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин яке аз бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли дору дар Ховари миёна ба ҳисоб меравад. Корхона дорои қудрат ва тавоноии истеҳсоли тамоми намуди доруҳои табобатӣ мебошад.

Коргоҳи “Ҷипто фарма” яке аз калонтарин ширкатҳои истеҳсолии доруи рақобатпазир дар ҷаҳон аст.

Ширкати мазкур пурра барои истеҳсоли доруҳои гуногуни тиббӣ дар масоҳати умумии 180 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Як қатор доруҳои дар олам маъруф, дар ин ширкат истеҳсол карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи дорусозӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини соҳаҳои саноату тандурустӣ ва ширкати дорусозии мисрӣ оид ба рушди ҳамкорӣ, имконияту захираҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла гулу гиёҳҳои шифобахши кишвар суҳбати созанда доир карданд.

Сипас, дар минтақаи саноатии Ал-Ханка Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ширкати “Тӣ энд Сӣ Гарментс” (“T&C Garments”) шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи “Тӣ энд Сӣ Гарментс” ширкати муштараки саноатӣ доир ба истеҳсоли матоъ ва духти сару либосҳои ҷинс мебошад.

Корхона аз ҷониби ширкатҳои мисрии “Толба Груп” ва “Тай Груп”-и Туркия соли 2010 таъсис ёфтааст.

Бо истифода аз технология ва системаҳои пешрафта, ин иншооти истеҳсолӣ дар шаҳри Обури Миср дар масоҳати 68 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфта, 4 ҳазор коргар дорад.

Дар ҳамин ҷо пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхона ва иқтидори истеҳсолии он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти корхона оид ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, таъсиси ширкатҳои муштараки саноатӣ-истеҳсолӣ, иқтидору имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, баҳрабардорӣ аз неъматҳои табиии кишвар, аз ҷумла пахта, нахи пахта ва матоъҳои босифат суҳбати самимӣ доир намуданд.
Боздид аз корхонаҳои саноатии “Ҷипто фарма” ва “T&C Garments” дар шаҳри Ал – Ханкаи Ҷумҳурии Арабии Миср 09.03.2022

Март 9, 2022 21:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд