Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ биноҳои хобгоҳ барои хонандагони Мактаби байналмилалии Президентиро ифтитоҳ намуданд

Март 21, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 21.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии ҳамаҷониба бо имконот ва шароити таълиму тарбияи насли наврас дар бинои муосири Мактаби байналмилалии Президентӣ ду бинои хобгоҳ — писарона ва духтаронаро барои хонандагони ин муассисаи таълимии навтаъсис мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Биноҳои хобгоҳ барои 360 нафар хонанда бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ” сохта шуда, бо тамоми шароити муосири будубош барои хонандагони шаҳру ноҳияҳои дурдаст пешбинӣ гардидааст.

Ҳарду иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар алоҳидагӣ барои писарону духтарон сохта шудааст.

Масоҳати умумии замини биноҳо 10 ҳазору 620 метри мураббаъро ташкил дода, худи хобгоҳҳо дар майдони 1472 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ҳарду бинои хобгоҳ моҳи марти соли 2019 дар асоси такмили инфрасохтори Маҷмааи варзишӣ, фарҳангӣ ва таълимии шаҳракаи Балх оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида бо ҷалби мутахассисони ватанӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои муосир ба анҷом расонида шудааст.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 70 нафар мутахассониси ватанӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани хобгоҳҳо 15 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта мешаванд.

Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити будубоши хонандагон дар хобгоҳҳои нав иттилоъ дода шуд, ки ҳарду бино- ҳам писарона ва ҳам духтарона аз ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, посбон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошанд.

Дар ҳар ҳуҷраи хоб барои бошандагон рахтҳои хоб, ҷойи шустушӯи бадан ва дигар шароити лозимӣ муҳайё буда, биноҳо бо тамоми қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла камераҳои назоратӣ таъмин мебошанд.

Биноҳои нави хобгоҳ барои хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамзамон дорои нуқтаи махсуси гармидиҳӣ мебошанд, ки дар айёми сардиҳо гармии тамоми ҳуҷраҳоро таъмин мекунад.

Дар атрофи биноҳо гулҳои гуногун ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуда, роҳравҳои ҳудуди он пурра сафолакпӯш гардидаанд.

Ҳамзамон барои истироҳату фароғати бошандагон нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шуда, бо мақсади таъмини рӯшноии атрофи биноҳо ҳангоми шаб чароғҳои гуногун насб гардидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоти муҳайёшуда дар хобгоҳҳо ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи биноҳои хобгоҳ барои хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 21.03.2022

Март 21, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Қатар Холид ибни Муҳаммад Ал-Аттияро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз гармхонаи замонавии Кооперативи тиҷоратии «Донаҳои Умед» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхису табобат ва таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии «Дурахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои КВД «Шаҳри ҳушманд»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ» иштирок намуданд