Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти феълии Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ва Президенти тозаинтихоби ин кишвар муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро бо баргузории муваффақонаи интихоботи президентӣ дар кишвар табрик гуфтанд.
Пешвои миллат ҳамчунин Сердар Бердимуҳамедовро барои интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Туркманистони дӯст табрику таҳният гуфта, ба ӯ сиҳатмандӣ ва дар фаъолияти давлатии сермасъулияташон комёбиҳои бузург ба нафъи рушди минбаъдаву шукуфоии Туркманистон орзӯ намуданд.
Таъкид гардид, ки мардуми бародари Туркманистон таҳти роҳбарии муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид.
Дар ин зимн Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро дар мавриди таҳкиму тавсеаи ҳамкории созандаи ду кишвар баланд арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати идомаи пайвастаи муколамаи байнидавлатӣ аз рӯи ҳамаи ҷанбаҳои рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон иброз намуданд.
Дар фарҷоми суҳбат Пешвои миллат аз Президенти тозаинтихоби Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб даъват ба амал оварданд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






