Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант Корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳоро ба истифода супориданд

Март 20, 2022 09:31

ДУШАНБЕ, 20.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант Корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Паймонаи заррин”-ро ба истифода супориданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи эълони гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Маҷмааи истеҳсолии корпоратсияи «Салтанат» таъсис ёфтааст. Бо сохта ва ба фаъолият оғоз намудани ин корхонаи муосири саноатӣ дар ду баст 280 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.

Дар корхонаи нави саноатӣ асосан ду хати технологӣ барои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураву шарбат ва обҳои ташнашикан аз кишварҳои пешрафтаи олам, аз ҷумла аз ширкатҳои маъруфи Олмон, дастрас гардида, онро мутахассиони тоҷик дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Федератсияи Русия васлу насб намуда, идора менамоянд.

Иқтидори истеҳсолии корхона 50 ҳазор тонна меваи тару тозаи табиӣ дар як мавсим буда, корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 10 ҳазор литр афшураи меваю сабзавот ва нӯшобву обҳои ташнашикан истеҳсол намояд. Дар хати муосири технологӣ меваю сабзавот нахуст коркард шуда,ба таври механикӣ ба ҷараёни истеҳсолот интиқол дода мешавад. Истеҳсоли афшураю нӯшобаҳо аз меваҳои шаҳдбори диёр, аз ҷумла себу нок, зардолу, шафтолу, олуву олуча, лиму, анор ва гулчини меваҳо дар қуттии гуногунҳаҷм анҷом дода мешавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар навбати аввал ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод мегардад ва дар сурати таъмини талаботи аҳолӣ ин навъи маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар низ содирот хоҳад шуд.

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳо дар шаҳри Левакант 20.03.2022

Март 20, 2022 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд