Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити фароҳамовардаи кор дар корхонаи мазкур ошно гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур аз ду қисм, коргоҳи истеҳсолию анборхона ва қисми маъмурӣ иборат буда, дар он 150 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Корхона имкон дорад, ки дар се баст фаъолият намуда, дар як дақиқа то 600 адад ва дар як шабонарӯз зиёда аз 800 ҳазор адад пӯшакҳои кӯдакона истеҳсол намояд.
Сохтмони корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Васли Моғиён» соли 2020 оғоз гардида буд.


Фармоишгари корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона роҳбари ҶДММ «Афзалият групп» Абдураҳмон Ғайбуллозода буда, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Селтехпроект» бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шудааст.
Масоҳати умумии корхона 11845.0 метри мураббаъро ташкил дода, коргоҳи истеҳсолӣ аз ду ошёна иборат мебошад, ки дар он 11 ҳуҷраи корӣ, ошхона барои кормандон ва озмоишгоҳ барои санҷиши маҳсулоти истеҳсолшуда ҷойгир гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо арзиши понздаҳ миллион сомонӣ бунёд гардида, таҷҳизоти истеҳсолии он аз технологияҳои итолявии ширкати Фамеканика Машинерии Ҷумҳурии Италия мебошад.

Дар оянда масъулин нақша доранд, ки бо бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»











Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






