Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдаконаро ифтитоҳ намуданд

Март 17, 2022 13:53

ДУШАНБЕ, 17.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода  шуд, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити фароҳамовардаи кор дар корхонаи мазкур ошно гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур аз ду қисм, коргоҳи истеҳсолию анборхона ва қисми маъмурӣ иборат буда, дар он 150 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Корхона имкон дорад, ки дар се баст фаъолият намуда, дар як дақиқа то 600 адад  ва дар як шабонарӯз зиёда аз 800 ҳазор адад пӯшакҳои кӯдакона истеҳсол намояд.

Сохтмони корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Васли Моғиён» соли 2020 оғоз гардида буд.


Фармоишгари корхонаи истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона роҳбари ҶДММ «Афзалият групп» Абдураҳмон Ғайбуллозода буда, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Селтехпроект» бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шудааст.

Масоҳати умумии корхона 11845.0 метри мураббаъро ташкил дода, коргоҳи истеҳсолӣ аз ду ошёна иборат мебошад, ки дар он 11 ҳуҷраи корӣ, ошхона барои кормандон ва озмоишгоҳ барои санҷиши маҳсулоти истеҳсолшуда ҷойгир гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо арзиши понздаҳ миллион сомонӣ бунёд гардида, таҷҳизоти истеҳсолии он аз технологияҳои итолявии ширкати Фамеканика Машинерии Ҷумҳурии Италия мебошад.


Дар оянда масъулин нақша доранд, ки бо бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли пӯшакҳои кӯдакона содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Март 17, 2022 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид