Рустами Эмомалӣ аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии Озарбойҷон ва Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 4 март дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон боздид ба амал оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Агентии мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев соли 2012 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он сарфа намудани хароҷот ва вақти шаҳрвандон ҳангоми ба амал баровардани хизматрасониҳои давлатӣ, бартарафсозии монеаҳои идоравӣ, баланд бардоштани шаффофият, пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия, эътимод ба мақомоти давлатӣ ва истифодаи васеи хизматрасониҳои электронӣ ба ҳисоб меравад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марказҳои агентии мазкур шаҳрвандон метавонанд новобаста аз маҳали бақайдгирӣ, аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла вазорату идораҳо ва 30 ширкату корхонаҳои хусусӣ беш аз 320 намуди хизматрасонии электрониро тибқи принсипи «равзанаи ягона» истифода баранд. Давомнокии миёнаи хизматрасонӣ ба шаҳрвандон 5-10 дақиқаро ташкил медиҳад.
Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку ҳамчунин ба Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев ташриф оварданд.
Дар ҳудуди Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев маркази конгресс, осорхонаи ба номи Ҳайдар Алиев ва толорҳои гуногуни намоишӣ арзи вуҷуд дошта, фаъолияти онҳо ба омӯзиши бунёдии фалсафаи эъмори давлатдорӣ ва идеологияи озарбойҷонии нахустин Президенти Озарбойҷон Ҳайдар Алиев, рушди ҳамаҷонибаи таърих, забон, арзишҳои фарҳангӣ, миллӣ ва маънавии ин диёр нигаронида шудаанд.
Маркази мазкур соли 2012 аз рӯи лоиҳаи меъмор Заҳа Ҳадид бунёд гардида, яке аз рамзҳои Бокуи муосир маҳсуб мешавад. Соли 2014 он ҳамчун беҳтарин бино дар ҷаҳон эътироф гардид.
АКСҲО: ММ МО ҶТ/АМИТ «Ховар»/Тоҳир Саид






















Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд






